Тавре медонем, 28 – уми декабри соли 2024 дар толори Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд. Чун солҳои пештара, дар Паёми имсолаи Пешвои миллат низ бурду бохти тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд. Ба андешаи мо, имсол низ маориф яке аз мавзуъҳои меҳварӣ дар Паёми сарвари кишвар ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат бо як таасуроти баланд қайд карданд, ки аз рӯзҳои нахустин маорифро самти аз ҳама афзалиятнок ҳисоб мекунанд.
Воқеан, дар сурати устувор будани пояҳои маорифи кишвар тамоми самтҳо якбора рушду инкишоф меёбанд. Зеро тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои илму техника, тиб, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амсоли инҳо ба соҳаи маориф алоқамандии зич дорад.
Аз ин лиҳоз, сардори давлат таъкид карданд, ки ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Воқеан, ҳамасола бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба тадриҷ боло бурдани маоши вазифавии омӯзгорони зинаҳои гуногуни таҳсилот тасдиқи ин гуфтаҳо мебошанд. Имсол низ Президенти кишвар, зимни ироаи Паём супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз ва маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф 20 фоиз, инчунин стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад, ки инро метавон ғамхории навбатӣ дар соҳаи маориф ва илм арзёбӣ кард.
Зимнан, аз ҷониби Пешвои миллат ба масъулини соҳа супориш дода шуд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд. Бе муболиға гуфтан мумкин аст, ки бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои беҳтар шудани сифати таълим ва ба воя расонидани ҷавонони боистеъдод саҳми арзанда дошта метавонад. Дар воқеъ, ҳанӯз аз сини хурдсолӣ дар қалби хонандагон шавқу ҳаваси илмомӯзиро бедор сохтан, дар оянда роҳи онҳоро барои азхуд кардани донишҳои лозимӣ ҳамвор месозад. Бинобар ин, таъкиди Президенти кишвар: «зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад» бисёр хирадмандона мебошад.
Пешвои миллат дар Паёми худ қайд карданд, ки имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд.
Татбиқи ҳамин гуна стандарту барномаҳо сабаби он гардида истодаанд, ки рӯз то рӯз дар соҳаи маорифи кишвар пешравиҳо дида мешаванд. Мисоли равшани он ба талаботи замон мувофиқ гардонидани стандарту барномаҳо ва китобҳои дарсӣ, инчунин кашфи хонандагон ва донишҷӯёни лаёқатманд тавассути озмуну олимпиадаҳои сатҳашон гуногун ба шумор мераванд. Ногуфта намонад, ки ҳамасола хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбии ҷумҳурии азизамон, Тоҷикистон дар озмуну олимпиадаҳои фаннии сатҳи байналмилаливу ҷаҳонӣ, дар баробари варзишгарон, фаъолона иштирок намуда, парчами ватани маҳбубамонро баланд бардошта, аз обрӯю эътибори миллати фарҳангофарамон дифоъ менамоянд. Ҳамаи ин дастовардҳо бевосита натиҷаи ғамхориҳо ва дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат дар самти маориф ба шумор мераванд.
Як иқдоми бисёр накӯ, ки дар Паёми ҳамасолаи Ҷаноби олӣ дида мешавад, ин эълон гардидани сол ва ё солҳои рушд ва инкишофи ин ё он соҳа ба ҳисоб меравад, ки дар маҷмуъ боиси пешравии соҳаи маориф ва илм мегардад. Ин ҷо қайд кардан ба маврид ва мантиқӣ аст, ки 26 декабри соли 2019 дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020-2040 бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардида буд (дар заминаи ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1445 аз санаи 31-уми январи соли 2020 ба имзо расидааст). Албатта, ин иқдоми нек то андозае ба рушду инкишофи фанҳои мазкур мусоидат карда истодаанд. Зеро дар заминаи ин эълон дар ҳар як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ чорабиниҳои гуногун баргузор гардида, барои муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳои фаннӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.
Дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат чунин иброз доштанд: «Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд». Ин иқдоми сарвари кишвар намояндагони илму маорифро водор месозад, ки дар бораи омода кардани кадрҳои баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯйи соҳаи илмҳои дақиқ, хусусан барномасозӣ камари ҳиммат банданд. Пӯшида нест, ки имрӯзҳо тамғаҳои нав ба нави компютерҳои замонавӣ кашф шуда истода, технологияҳои иттилоотӣ бо суръати бениҳоят баланд дар ҳолати рушд қарор доранд. Дар ҳақиқат, дастовардҳои имрӯзаи ҷаҳони муосирро бе татбиқи технологияҳои иттилоотӣ тасаввур кардан амалан ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, мо бояд дар самти омода кардани мутахассисони варзидаи соҳаи барномасозӣ, ки лаёқати дар амал татбиқ кардани имконҳои техникаи ҳозиразамонро доро мебошанд, чораандешӣ кунем.
Хонанда ва донишҷӯйи имрӯз бояд донад, ки компютер танҳо барои ҳарф чидан ё саргарми бозӣ будан ва ё бо рафиқон тавассути шабакаи интернетӣ дар робита будан нест, балки он абзори муфид барои ҳалли ҳар гуна масъалаи ҳаётан муҳим ба шумор меравад. Тавассути забонҳои барномасозии компютерӣ метавон барои ҳалли масъалаҳои гуногуни илмӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва амсоли инҳо барнома навишт ва дар амалия истифода кард.
Боиси ифтихор аст, ки дар факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пояи 4 кафедра мутахассисони соҳаи барномасозӣ тайёр карда мешаванд. Синфхонаҳои компютерӣ бо компютерҳои замонавӣ ва дигар таҷҳизоти иловагӣ таъмин мебошанд. Ба донишҷӯён устодони варзида нозукиҳои соҳаи барномасозиро меомӯзонанд. Ҳар сол донишҷӯёни факултет дар олимпиадаҳои дохиливу хориҷӣ ва озмуни «Илм фурӯғи маърифат», ки бо ташаббуси Пешвои миллат барои кашфи чеҳраҳои боистеъдод роҳандозӣ шудаст, иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.
Садорати факултет дар ҳамоҳангӣ бо раёсати донишгоҳ кӯшиш менамояд, ки барои ба воя расонидани кадрҳои баландихтисоси соҳаи барномасозӣ шароити мусоид фароҳам орад. Раёсати донишгоҳ ва садорати факултет ҳамарӯза дар андешаи таҷдиди назар кардани барномаҳои амалкунанда ва ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав, ки ба талаботи замон посухгӯ мебошанд, инчунин таълифи китобу дастурҳои таълмӣ ва методӣ доир ба барномасозии касбӣ аз ҷониби мутахассисон, ки аз дастурҳои Пешвои миллат маншаъ мегиранд, мебошанд.
Дар охир ҳаминро қайд карданӣ ҳастем, ки Паёми солонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати басо муҳим буда, барои намояндагони ҳамаи соҳаҳо, хусусан соҳаи маориф ва илм дастурамали бисёр муфид барои пешбурди кор ба шумор меравад. Аз ин хотир, дар болои мизи кории ҳар як нафар бояд Паёми Пешвои миллат мавҷуд бошад.
Қосимов И.Л., н.и.т., дотсент, декани факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Абдукаримов М.Ф., доктори илмҳои физикаю математика, профессор, мудири кафедраи математикаи ҳисоббарорӣ ва механкаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон