Рустамова Хуршедабону Рахимовна – мудири кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, н.и.и., дотсент.
САМТИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИИ КАФЕДРА Кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ дар татбиқи барномаҳои таълимии бакалаврӣ ва магистрӣ иштирок менамояд.
Самт: 98010101 “Амнияти иттиллоотӣ ва компютерӣ”
Ихтисосҳои муштарак: Забоншиносии компютерӣ – 21050103, Хитоӣ-Информатика – 02030702
Фаъолияти асосии кафедра ин тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи коркард ва истифодаи воситаҳо ва системаҳои ҳифзи иттилооти компютерӣ. Донишҷӯёни ин ихтисос забонҳои барномасозӣ, асосоҳои амнияти компютерӣ, усулҳои рамзгузорӣ, ташкил ва ҳифзи шабакаҳои компютерӣ, воситаҳои техникии ҳифзи иттилоот, алгоритми кодгузорӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқи ва барномавии иттилоотро меомӯзанд. Хатмкунандагон метавонанд усулҳои муосири ҳифзро истифода намояд, ҷараёни ташкили таъминоти барномавиро идора кунанд ва ҳифзи системаи компютериро аз вирсуҳо таҳлил намоянд. Мутахассисони хуби ин соҳа метавонанд, ки дар соҳаҳои гуногун аз қабили органҳои ҳокимияти давлативу маҳаллӣ, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои илмӣ, бонкҳо ва дигар ширкатҳо кору фаъолият намоянд. Донишҷӯён аз фанҳои тахассусии кафедра корҳои курсӣ ва рисолаҳои дипломӣ менависанд ва дар маҳфилҳои кафедра ширкат меварзанд.
Оид ба фаъолияти кафедра http://www.dmttii.tj
Ашуров Абдусамад Кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ соли 2004 ташкил шудааст. Мудири аввалини кафедраи навбунёд номзади илмхои физикаю математика, дотсент Ашуров А.А. буданд. Ашуров Абдусамад (08.01.1948, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Ҳисор, деҳаи Турдибобо) – математикадон-барномасоз, номзади илмҳои физика ва математика (2000). Хатмкардаи ДДТ (1967-1972) ва аспирантураи ДД Маскав (1975-1978). Фаъолияти меҳнатиашро дар ДДТ оғоз карда, дар вазифаҳои муҳандис-барномасоз (1972-1973), муҳандис-барномасози калон (1973-1974), роҳбари барномасозон (1974), мудири бахш (1980-2001), сарбарномасоз (2001-2004), мудири кафедраи Технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ (2004 – то ин замон) кор кардааст. Аз соли 2007 алочии маорифи Тоҷикистон. Тадқиқоти илмии Ашуров Абдусамад ба моделсозии математикии соҳаи коркарди металлҳо ва амнияти иттилоотӣ марбутанд. Таҳти роҳбарии Ашуров Абдусамад зиёда аз 3 системаҳои коркарди иттилоотии корхонаҳо таҳия карда шудааст. Ашуров Абдусамад 23 асари илмӣ таълиф кардааст.
Сипас сарварии кафедраро номзади илмхои физикаю математика, дотсент Ҷумаев Эраҷ Ҳақназарович солхои (2009-2015) бар зимма доштанд. Э.Ҳ. Ҷумаев хатмкардаи шўъбаи математикаи амалии факултети механикаю математикаи ДМТ (1981) ва аспирантураи он (1987) мебошад. Соли 2004 рисолаи номзадиро дифоъ намудааст. Вай дорандаи нишони сарисинагии “Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон” буда, бо Ифтихорномаҳои Вазорати маорифи ҶТ (2007), Шӯъбаи маорифи ш. Душанбе (2006 ва 2007) ва ДДМТ (2005) мукофотонида шудааст. Таҳқиқоти илмии ӯ ба ҳалли тақрибии масъалаҳои канорӣ барои баъзе муодилаҳои ҳосилаҳои хусусӣ дошта бо хати сингулярӣ бахшида шудааст. Вай муаллифи зиёда аз 40 мақолаи илмӣ ва васоити таълимист, ки “Асосҳои информатика ва барномасозӣ дар забони Паскал”(2002) аз ҷумлаи онҳост. Аз ҷониби Э.Ҳ. Ҷумаев Стандарти давлатии таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи ихтисоси 1-980101-01 – Амнияти компютерӣ ва Стандарти давлатии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ(докторантура) аз рўи ихтисоси 1-980101-01 – Амнияти компютерӣ дар ДМТ таҳия шудаанд.
Аз моҳи октябри соли 2015 то 2021 бошад, сарварии кафедраро номзади илмҳои иктисодӣ, дотсент Ашуров Хуршед Мирумарович (25 ноябри соли 1979 ш. Ӯротеппа (Истаравшани ҳозира) бар зимма дошт.
Аз 15.10.2021 бо фармони №582-6 мудири кафедра Рустамова Х.Р. тайин гардид. Омӯзгорони кафедра ба ихтисосҳои донишгоҳӣ дар доираи талаботи нақшаҳои амалкунандаи таълимӣ аз фанҳои мошинҳои электронии ҳисоббарор, забонҳои барномасозӣ, информатика, асосҳои технологияҳои компютерӣ ва муосир дарс медиҳанд. Онҳо барои ихтисосҳои “Информатика”, “Амнияти компютерӣ”, ”Забони хориҷӣ (хитоӣ). Информатика” ва «Забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ» курсҳои тахассусӣ ва амалӣ мегузаранд. Донишҷӯён аз фанҳои тахассусии кафедра корҳои курсӣ ва рисолаҳои дипломӣ менависанд ва дар маҳфилҳои кафедра ширкат меварзанд. Дар кафедра 10 нафар омӯзгорон фаъолият дошта, аз онҳо як нафар доктори илм, профессор ва чор нафарашон номзади илм мебошанд. Устодони кафедра бо самти ҳифзи иттилоот пажӯҳишҳои илмӣ мебаранд. Онҳо дар кори семинарҳои илмию методӣ, конференсияҳои илмии байналхалқӣ, минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ мунтазам бо маърӯзаю гузоришҳои илмӣ баромад мекунанд. Дар кафедра семинари илмӣ-методии устодону шогирдон ва маҳфилҳои илмӣ-таълимии донишҷӯён амал мекунанд, ки дар онҳо устодони соҳибтаҷриба, мутахассисони ҷавон, аспирантон ва донишҷӯён фаоъолона иштирок меварзанд. Шогирдони пешқадами кафедра ҳар сол дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва озмунҳои илмии донишҷӯён иштирок намуда, ғолиби ин озмунҳо мегарданд.
Дар кафедра 10 нафар омӯзгорфаъолиятдоранд.
- Рустамова Хуршедабону Рахимовна – мудири кафедра н.и.и. дотсент
- Нуров Исҳоқбой Ҷумаевич – д.и.ф.м., профессор
- Ашӯров Хуршед Мирумарович –н.и.и., дотсент
- Қурбонов Кенҷа Юлчиевич – н.и.и., дотсент
- Пиров Саидали Мирзоалиевич – муал. калон
- Комилов Оқил Одилович – н.и.ф.-м., муал. калон
- Ҷумаева Нигина Эраҷовна– муал. калон
- Шарипов Собир Асомуддинович – ассистент
- Шарифзода Зебонисои Иброҳим – ассистент
- Мусоев Суҳайлӣ Сайвалиевич – ассистент
Номгӯйи китобҳое, ки аз ҷониби устодони кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иртиботӣ таҳия шудаанд
№ | Номгӯи китобҳо | Муаллиф (он) | Соли барориш | Забони китоб | Теъдоди саҳифа |
1 | Асосҳои информатика ва программасозӣ дар забони Паскал | Ҷумаев Э.Ҳ. | 2002 | тоҷикӣ | 60 |
2 | Маҷмӯи саволҳои тестӣ аз «Забонҳои барномасозӣ» | Ҷумаев Э.Ҳ. | 2015 | тоҷикӣ | 156 |
3 | Таҳрезии компютерии системаҳои динамикӣ | Нуров И.Ҷ., Шарифзода З.И. | 2015 | тоҷикӣ | 80 |
4 | Маҷмӯи масъалаҳо аз программасозӣ | Ашӯров Х.М., Комилов О.О. | 2013 | тоҷикӣ | 67 |
5 | Web-Саҳифаҳо | Комилов О.О., Ашӯров Х.М. | 2014 | тоҷикӣ | 72 |
6 | Истифодаи типи сатрӣ дар забони программасозии Delphi 2010 | Комилов О.О., Ашӯров Х.М. | 2015 | тоҷикӣ | 83 |
7 | Амнияти иттилоотӣ | Ашӯров Х.М., Комилов О.О., Олимшоев Р. | 2018 | тоҷикӣ | 108 |
8 | Маҷмӯи масъалаҳо ва ҳалли онҳо дар барномасозӣ | Комилов О.О. | 2015 | тоҷикӣ | 98 |
9 | Методҳои криптографии ҳифзи иттилоот | Арабов М.Қ. | 2017 | тоҷикӣ | 375 |
10 | Асосҳои барноманависӣ дар забони Pascal ABC.NET | Арабов М.Қ. | 2018 | тоҷикӣ | 298 |
11 | Основы программирования на языке Pascal ABC.NET | Арабов М.К., Нуров И.Дж. | 2018 | русӣ | 216 |
12 | Маҷмӯи мисол ва масъалаҳо аз барномасозӣ (қисми 1) | Арабов М.Қ., Халилова М.Ш | 2018 | тоҷикӣ | 137 |
13 | Барномасозии мантиқӣ ва асосҳои тафаккури сунъӣ | Пиров С.М. | 2017 | тоҷикӣ | 88 |
14 | Системаҳои худкори коркарди матн дар саволу ҷавобҳои тестӣ | Пиров С.М., Қурбонова Н.М. | 2018 | тоҷикӣ | 135 |
15 | Маҷмӯи масъалаҳо ва ҳалли онҳо дар барномасозӣ | Комилов О.О. | 2018 | тоҷикӣ | 100 |
16 | Информатика ва технологияи иттилоотӣ | Қурбонов К.Ю. | 2019 | тоҷикӣ | 298 |
17 | Информатика и информационная технология | Қурбонов К.Ю. | 2019 | русӣ | 344 |
18 | Намунаи ҳалли масъалаҳо ва супоришҳо аз ТТҲ | Рустамова Х.Р., Комилов О.О. | 2019 | тоҷикӣ | 71 |
19 | Маҷмӯи мисол ва масъалаҳо аз барномасозӣ (қисми 2) | Арабов М.Қ., Халилова М.Ш | 2019 | тоҷикӣ | 155 |
20 | Масъалаҳои шавқовари математикӣ ва мантиқӣ барои ҳозирҷавобон | Ашӯров М., Ашӯров Х.М. | 2020 | тоҷикӣ | 143 |