Кафедраи моделсозии математикӣ ва компютерӣ

Ғаффорзода Алишер Бобобек – мудири кафедраи моделсозии математикӣ ва компютерии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, н.и.ф.м., дотсент.

ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРА

Кафедраи моделсозии математикӣ ва компютерӣ дар асоси қарори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2013, таҳти №5 таъсис дода шудааст. Аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ кафедра ҳамчун яке аз воҳидҳои муҳими илмӣ-таълимии факултети механикаю математика ба омӯзиш ва рушди соҳаи моделсозии математикӣ, информатика ва технологияҳои компютерӣ машғул мебошад.

Нахустин мудири кафедра доктори илмҳои физикаю математика, профессор Нуров Исҳоқбой Ҷумаевич буданд. Баъдан роҳбарии кафедраро номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Одиназода Сафаргул Атабек ба уҳда доштанд. Солҳои 2022–2025 вазифаи мудири кафедраро доктори илмҳои физикаю математика, профессор Одинаев Раим Назарович иҷро намуданд. Аз 26 январи соли 2025 то имрӯз вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Ғаффорзода Алишер Бобобек ба уҳда доранд.

Фаъолияти таълимии кафедра дар доираи талаботи нақшаҳои амалкунандаи таълимӣ ба роҳ монда шуда, омӯзгорон аз фанҳои моделсозии математикӣ ва компютерӣ, мошинаҳои электронии ҳисоббарор ва барномасозӣ, информатика, методҳои оптимизатсионӣ, таҳқиқи амалиёт ва назарияи бозиҳо, назарияи қарорқабулкунӣ ва идоракунии оптималӣ, асосҳои технологияҳои компютерии муосир ва дигар фанҳои тахассусӣ дарс мегӯянд. Инчунин кафедра аз рӯйи 3 ихтисос информатика, моделсозии математикӣ ва компютерӣ ва зеҳни сунъӣ мутахассис омода мекунад ва барои ин донишҷӯён курсҳои тахассусӣ ва машғулиятҳои амалӣ гузаронида мешаванд. Донишҷӯён аз фанҳои тахассусии кафедра корҳои курсӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва рисолаҳои дипломӣ иҷро намуда, дар маҳфилҳои илмии кафедра фаъолона иштирок мекунанд.

Дар айни замон дар кафедра 13 нафар омӯзгор ба фаъолияти таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ машғул мебошанд. Аз ҷумла, дар ҳайати устодони кафедра 1 нафар профессор, 4 нафар номзади илм, 7 нафар муаллими калон ва 1 нафар ассистент фаъолият доранд. Ҳамаи омӯзгорони кафедра ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул буда, дар рушди илми муосир саҳм мегузоранд.

Самти асосии таҳқиқоти илмии кафедра ба мавзӯи «Проблемаҳои актуалии математика, информатика ва татбиқоти онҳо» бахшида шуда, омӯзгорон дар доираи масъалаҳои коркарди моделҳои математикӣ ва компютерӣ, таҳияи алгоритмҳо ва маҷмӯи барномаҳо, инчунин такмили усулҳои таълими информатика, математика ва табиатшиносӣ тадқиқотҳои илмӣ анҷом медиҳанд.

Дар назди кафедраи моделсозии математикӣ ва компютерӣ маҳфили илмии донишҷӯён ва маҳфили илмии профессорон мунтазам фаъолият мекунанд.

Маҳфили илмии донишҷӯён барои ҳамаи ихтисосҳои факултет ташкил гардида, ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе таҳти роҳбарии номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Ғафорзода А.Б. баргузор мегардад. Дар ҷараёни ин маҳфил донишҷӯён масъалаҳои илмӣ, масъалаҳои моделсозии математикӣ ва компютерӣ, барномасозӣ ва алгоритмҳоро муҳокима намуда, инчунин барои иштирок дар олимпиадаҳо ва озмунҳои илмӣ омода карда мешаванд.

Ҳамзамон, дар кафедра маҳфили илмии профессорон таҳти роҳбарии доктори илмҳои физикаю математика, профессор Одинаев Р.Н. амал мекунад, ки ҳар моҳ як маротиба, рӯзҳои чоршанбе баргузор мегардад. Дар ин маҳфил масъалаҳои мубрами илмӣ, натиҷаҳои таҳқиқоти устодон ва донишҷӯён, инчунин самтҳои нави таҳқиқот дар соҳаи моделсозии математикӣ ва компютерӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Натиҷаҳои фаъолияти маҳфилҳои илмии кафедра равшан ба назар мерасанд, зеро донишҷӯёни факултет мунтазам дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, озмунҳои барномасозӣ, озмунҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва дигар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Ин дастовардҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти маҳфилҳои илмӣ ба рушди қобилияти таҳлилӣ, эҷодӣ ва тадқиқотии донишҷӯён мусоидат намуда, онҳоро барои фаъолияти илмӣ ва касбии минбаъда омода месозад.

Маълумотнома оиди омузгорони кафедраи моделсозии математикӣ ва компютерӣ

Ном,насаб ва номи падар Вазифа Дараҷа ва унвони илмӣ
Ғаффорзода Алишер Бобобек мудири кафедра номзади илмҳои физикаю математика, дотсент
Одинаев Раим Назарович профессори кафедра доктори илмҳои физикаю математика, профессор
Одиназода Сафаргул Атабек дотсенти кафедра номзади илмҳои физикаю математика, дотсент
Одинаев Алимурод Ҳомидович дотсенти кафедра номзади илмҳои техникӣ, дотсент
Раимзода Фаррухшоҳ дотсенти кафедра номзади илмҳои физикаю математика, дотсент
Идиев Ғуфрон Аҳмадович муаллими калон
Қосимов Шерали Наимович муаллими калон
Туманова Шарифамо Сатторовна муаллими калон
Ниматова Матлуба Ҳакимовна муаллими калон
Давлатова Шаҳрбону Шамсуллоевна ассистент
Шарифов Бахтиёр Латифович ассистент
Нарзуллоев Парвизҷон Лутфуллоевич ассистент
Юсуфзода Комрони Бовобег ассистент  

Руйхати васоити таълимии чопшуда

  • Р.Н. Одинаев,М. К. Юнуси.  Татқиқи амалиёт. Васоити таълимӣ. Душанбе, Матбааи ДДМТ,-2001 с. 144с.
  • Р.Н. Одинаев, И. Косимов, С.Мирзоев. Асосҳои информатика ва технологияи компютерӣ. Васоити таълимӣ.   Душанбе,  Матбааи  ДДМТ, -2006. 176 с.
  • Р.Н. Одинаев,М. К. Юнуси.  Методҳои оптимизатсионӣ.  Васоити таълимӣ.   Душанбе,  Матбааи  ООО «Сармад-Компания »-2013. 110с.
  • Саидов И., Раупов И.,Мирзоев С., Қосимов Ш.Барномасозӣ дар забони алгорифмии Паскал (Иловаҳо. Borland Delphi). Васоити таълимӣ. Матбаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе – 2014. 126с
  • Давлатов Д.М., Ҷалилов Х.М., Одинаев А.Ҳ. Забони барномасозии C# барномаҳо ва қайдҳои умумӣ /Давлатов Д.М., Ҷалилов Х.М., Одинаев А.Ҳ. //Душанбе:Эр-граф.-2016, 120 саҳ.
  • Ғафоров А.Б., Мирзоев А.Ҳ., Қодиров Ғ.М. Датури методӣ. Маҷмӯи ҳалли мисолу масъалаҳои олимпиада аз математика ва барномасозӣ /Ғафоров А.Б., Мирзоев А.Ҳ., Қодиров Ғ.М. //Душанбе: ЭР-граф.-2016, 146 саҳ.
  • Нуров И.Ҷ., Шарифзода И.З. Дастури таълимӣ-методӣ. Алгоритмҳо ва тарҳрезии компютерии системаҳои динамикӣ, Душанбе: “Эр-граф”.-2016, 148 саҳ.
  • Шарифов Б., Ситамов С. Технологияи информатсионӣ дар раванди таълим. Дастури таълимӣ-методӣ, Душанбе, Ирфон.-2017, 192 саҳ.
  • Шерматов Н., Раимзода Ф. Асосҳои математикаи ҳисоббарорӣ.Васоити таълимӣ /Шерматов Н., Раимзода Ф. //Душанбе: Матбааи Эр-граф.-2018, 119 саҳ.
  • Одинаев Р.Н., Шерматов Н.,Шакарбеков Қ.С. Асосҳои таҳлили регрессионӣ /Одинаев Р.Н., Шерматов Н., Шакарбеков Қ.С. //Душанбе: ЭР-граф.-2019, 67 саҳ.
  • Одинаев Р.Н., Бобоёров Ш., Шерматов Н. Тадбиқи назарияи гипотезаҳо дар ҳалли масъалаҳои амалӣ /Одинаев Р.Н., Бобоёров Ш., Шерматов Н. //Душанбе: ЭР-граф.-2019, 107 саҳ.
  • Идиев Ғ.А., Латипов С.О., Наимов Н.М. Васоити  таълимӣ. Усулҳои ҳалли масъалаҳои математикӣ дар системаи компютерии математикии Maple /Идиев Ғ.А., Латипов С.О., Наимов Н.М. //Душанбе: Матбааи ДДОТ ба номи С.Айнӣ дар назди Парки Технологӣ. -2019, 92саҳ.
  • Давлатов Д.М., Хайров Ҳ.С. Дастури методӣ оид ба пешгирии вазни зиёди бадан ва табобати фарбеҳӣ тавассути ғизо /Давлатов Д.М., Хайров Ҳ.С. ва дигарон //Душанбе: ҶДММ “Абдураҳмон”.-2020, 100 саҳ.
  • Одинаев Р.Н., Шерматов Н., Нарзуллоев П.Л. Татбиқи усулҳои статистикӣ дар ҳалли масъалаҳои амалӣ /Одинаев Р.Н., Шерматов Н., Нарзуллоев П.Л. //Душанбе: Эр – Граф.-2020, 95 саҳ.
  • Одинаев Р.Н., Шерматов Н., Раимзода Фарухшоҳ, Раимзода Фараҳноз. Методҳои оптимизатсионӣ дар мисолу масъалаҳо /Одинаев Р.Н., Шерматов Н., Раимзода Фарухшоҳ, Раимзода Фараҳноз //Душанбе: Эр – Граф.-2020, 151 саҳ.
  • Нарзуллоев П.Л., Шерматов Н. Дастури методӣ. Назарияҳои бемаҳдуд тақсимшавандагии қонунҳои тақсимот ва равандҳои стохастикӣ /Нарзуллоев П.Л., Шерматов Н. //Душанбе: Эр – Граф.-2020, 100 саҳ.
  • Ғафоров А.Б., Ғафоров З.Б. Забони барномасозии С++ /Ғафоров А.Б., Ғафоров З.Б. //Душанбе: Эр – Граф.-2020, 115 саҳ.
  • Ғаффорзода А.Б. Моделсозии математикӣ ва компютерӣ. Васоити таълимӣ. Душанбе 2026. 121с.
  • Одинаев А.Ҳ. Татбиқи моделҳои динамикӣ дар муҳити забони барномасозии R. Душанбе: Матбаа, 2026         сол. 100 саҳ.
  • Одинаев А.Ҳ. Васоити таълимӣ барои иҷрои корҳои мустақилона дар забони барномасозии R. . Душанбе: Матбаа, 2026 сол. 112 саҳ.

Руйхати китобҳои дарсии ва монографияхои чопшуда

  • Одинаев, Р.Н. Методҳои оптимизатсонӣ: китоби дарсӣ/ Р.Н. Одинаев. – Душанбе: Матбааи ДМТ, 2021. – 246 с.
  • Одинаев, Р.Н. Тақҳиқи амалиёт: китоби дарсӣ/ Р.Н. Одинаев. – Душанбе: Матбааи ДМТ, 2023. – 246 с.
  • Р.Н. Одинаев,М. К. Юнуси.  Исследование математической модели задачи защиты растений. Монография. Душанбе  Издательство ООО «Сармад-Компания »-2013. 110с.
  • Одинаев Р.Н., Ғафоров А.Б. Таҳқиқи модели математикӣ ва компютерии масъалаи муҳофизати агросенозаи пахта – монографияи илмӣ. 2026. 118с.