ОМОДА НАМУДАНИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

14

28 декабри соли 2024 дар толори Парлумони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро баррасӣ карданд. Дар Паёми худ, Пешвои миллат ба рушди босуръати соҳаҳои гуногун, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ ва инноватсия, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Маҳз зарурати омода намудани мутахассисони соҳибихтисоси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ҳамчун вазифаи афзалиятнок таъкид карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон шаванд. Ин ташаббус, ки ба тавсеаи имкониятҳои иқтисоди рақамӣ ва вусъати технологияҳои иттилоотӣ нигаронида шудааст, таъкид мекунад, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати байналмилалӣ, омода намудани мутахассисони соҳибихтисоси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ муҳим мебошад.

Соҳаи технологияҳои иттилоотӣ имрӯз яке аз муҳимтарин самтҳои рушди ҷомеаи муосир маҳсуб меёбад. Ин соҳа дар ташаккули иқтисоди рақамӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум нақши калидӣ мебозад. Мутахассисони соҳибихтисоси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ метавонанд дар таҳияи барномаҳои компютерӣ, шабакаҳои иттилоотӣ, тадқиқотҳои илмӣ ва таҳияи системаҳои инноватсионӣ саҳм гузоранд. Ин омилҳо зарурати тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи ҷаҳони муосирро дучанд месозанд.

Мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дар ҷаҳон яке аз муҳимтарин неруҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба шумор мераванд. Бо рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, нақши ин мутахассисон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла саноат, тандурустӣ, маориф, амният ва идоракунии давлатӣ васеъ мегардад. Ҳамчунин, мутахассисони ин соҳа дар таҳияи стратегияҳо барои амнияти кибернетикӣ, рушди системаҳои зеҳнии сунъӣ ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, саҳми беназир доранд.

Дар Паёми худ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати истифодаи ҳамаҷонибаи технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт ишора намуда, таъкид карданд, ки иқтисоди рақамӣ ба сатҳи нави тараққиёт мебарояд. Дар ин замина, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим дар мактабҳо ва донишгоҳҳо аҳамияти махсус пайдо мекунад. Таҳсилоти рақамӣ имконияти фароҳам овардани муҳити таълимии интерактивӣ ва омӯзиши мустақили хонандагонро медиҳад. Бо истифода аз чунин усулҳои таълим, муҳассилин метавонанд малакаҳои амалӣ ва дониши заруриро барои фаъолияти касбии худ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ инкишоф диҳанд.

Барои татбиқи самараноки сиёсати рушди иқтисоди рақамӣ ва омода намудани мутахассисони соҳавӣ, ташаккули инфрасохтори муосири рақамӣ муҳим мебошад. Пешвои миллат зарурияти такмили инфрасохтор, аз ҷумла шабакаҳои баландсуръати интернет, марказҳои инноватсионӣ ва лабораторияҳои илмиро таъкид карданд. Ин чорабиниҳо ба омӯзиш ва фаъолияти самараноки мутахассисони соҳаи технологияҳои рақамӣ мусоидат хоҳанд кард.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд, ки ҷавонон неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Дар ин замина, давлат бояд барномаҳои махсус барои дастгирӣ ва ташаккули малакаҳои рақамии ҷавонон таҳия намояд. Аз ҷумла, ташкили курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат, баргузории озмунҳо ва лоиҳаҳои инноватсионӣ метавонад ҷавононро ба омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ ва иштироки фаъол дар иқтисоди рақамӣ ҳавасманд гардонад. Инчунин Пешвои миллат қайд намуданд, ки дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ кафедраҳо ва факултаҳои самти технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ таъсис дода шавад. Ин иқдом барои беҳтар кардани сифати таълим, рушди самаранокии тадқиқоти илмӣ ва татбиқи технологияҳои пешрафта дар иқтисодиёт ва дигар соҳаҳо мусоидат хоҳад кард. Таъсиси чунин кафедраҳо ва факултаҳо ба ҷавонон имкон медиҳад, ки дар таҳсилоти худ малакаҳои замонавиро дарёфт намуда, дар рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия саҳми арзанда гузоранд. Инчунин, тадқиқоти илмию таҳқиқотии мутахассисон ва донишҷӯён ба рушди илмӣ ва иқтисодии кишвар мусоидат мекунад.

Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо ва сохторҳои марбутаи соҳаи маориф аз Сарвари давлат дастур гирифтанд, ки рушди босуботу устувори муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар солҳои наздик таъмин намоянд. Роҳбари давлат зарур шумурданд, ки “Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 — 2030” дар муддати ду моҳ таҷдиди назар гардида, ба Ҳукумати кишвар пешниҳод карда шавад.

Роҳбари давлат ҷавонони кишварро қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол номида, изҳор доштанд, ки ҷавонони ватандӯст минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким бахшидани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд. Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ барои рушди устувори Тоҷикистон заминаи устувори сиёсати давлатӣ дар самти рушди технологияҳои рақамӣ ва омода намудани мутахассисони соҳавиро нишон медиҳад. Ташкили “Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ” як қадами муҳим дар ин раванд буда, дар самти татбиқи иқтисоди рақамӣ ва рушди захираҳои инсонӣ нақши калидӣ мебозад. Дар натиҷа, татбиқи ин иқдомот на танҳо барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар кишвар, балки барои рақобатпазирии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ мусоидат хоҳад кард.

Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани аҷдодиамон ва мунтазам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳар рӯз ва ҳамеша саъю талош намоем. Мо тамоми қишри ҷомеъа Паёми Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, баҳри ободии ин Ватан саҳми арзандаи худро гузорем.

Одинаев Раим Назарович – д.и.ф.м., профессор, мудири кафедраи моделсозии математикӣ ва компютерии факултети механикаю математикаи ДМТ

Ғафоров Алишер Бобобекович – н.и.ф.м., муаллими калони кафедраи моделсозии математикӣ ва компютерии факултети механикаю математикаи ДМТ