ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

697

Зеҳни сунъӣ як самти илми информатика мебошад, ки метавонад дар қарорқабулкунӣ оид ба амалҳои ҳаррӯзаи мо ва амали намудани онҳо нақши бориз дошта бошад. Интизор меравад, ки дар оянда зеҳни сунъӣ дар бисёр соҳаҳо таъсири назарраси худро хоҳад расонд. Якчанд амалҳои зеҳни сунъӣ, ки метавонанд ба фаъолияти инсонҳо таъсир расонанд меорем:

Ҷойҳои корӣ: Зеҳни сунъӣ аллакай барои худкорсозии масъалаҳои гуногун дар муассисаву корхонаҳо истифода мешавад ва ин амал рӯз то рӯз идома ёфта, шумораи зиёди корхонаву муассисаҳо аз он истифода намуда истодаанд. Зеҳни сунъӣ амалҳоеро ба мисли ҷамъоварии маълумот, таҳлил ва қабули қарор оид ба онҳоро худкор созад. Ин боиси тағйирот дар сохтори корхонаву муассисаҳо мегардад. Аз ин пас амалҳое, ки тариқи зеҳни сунъӣ анҷом дода мешаванд, дигар зарурат ба қувваи корӣ камтар мешавад.

Муошират: Зеҳни сунъӣ аллакай барои эҷоди шаклҳои нави муошират ба монанди муоширати виртуалӣ ва чатботҳо истифода мешавад. Ин технологияҳо метавонанд муоширатро самаранок ва осон гардонанд, инчунин роҳҳои нави муошират бо дигаронро фароҳам оранд.

Тандурустӣ: Зеҳни сунъӣ барои таҳияи усулҳои нави табобат ва ташхиси бемориҳо истифода мешавад. Он ба табибон барои дарк ва аниқ намудани бемориҳо кӯмак менамояд. Дар асоси маълумотҳои пешниҳоднамудаи зеҳни сунъӣ табибон қарор дахлдор қабул мекунанд.

Бехатарӣ: Зеҳни сунъӣ барои муҳофизат аз хатари ҳуҷумҳои рахнагароёнаи компютерӣ истифода мешавад. Он барои пайгирӣ ва муайян кардани таҳдидҳои эҳтимолӣ ва таҳияи роҳҳои нави ҳимояи иттилоот кӯмак менамояд.

Бояд зикр намуд, ки айни замон якчанд платформаҳое, ҳастанд, ки барои кор бо зеҳни сунъӣ мавҷуданд:

TensorFlow – ин платформаи кушодаасос барои омӯзишҳои мошинӣ истифода мегардад. Он дар соҳаҳои гуногун истифода мегардад. Аз он ҷумла, барои таҳияи барномаҳо оид ба ташхиси бемориҳо, баҳисобгирии хавфҳо ҳангоми пешниҳоди қарз ва ғайраҳо.

PyTorch – дар асоси забони барномасозии Python таҳия гардидааст. PyTorch низ барои шинохти чеҳра, объектҳо ва матн дар расмҳо, тарҷумаи матнҳо, таҳияи амсилаҳое, ки дар асоси таҷрибаи худ хулосабарорӣ менамоянд, пешбинӣ шудааст. Он низ ба мисли TensorFlow дар соҳаи тандурустӣ, молия, савдо ва ғайраҳо истифода мегардад.

Scikit-learn – низ дар асоси забони барномасозии Python таҳия шуда, одатан барои таҳлили маълумот ва таҳияи амсилаҳо истифода мегардад. Он асосан барои таҳлилҳои регрессионӣ, баҳодиҳии амсилаҳо ва дигар таҳлилҳои гуногун истифода мегардад.

Microsoft Azure Machine Learning – платформа барои таҳия ва омӯзиши амсилаҳои омӯзиши мошинӣ мебошад. Тавассути он инчунин амсилаҳоро идора менамоянд.

IBM Watson – аз ҷониби ширкати IBM таҳияшудааст. Он бо истифода аз зеҳни сунъӣ ва омӯзиши мошинӣ масъалаҳои гуногунро ҳал менамояд. Аз он ҷумла, шинохти чеҳра, объект ва ғ., масъалаҳои гуногунро пешгӯйи намуда, таҳлилҳо низ мегузаронад.

Он низ ба мисли TensorFlow, PyTorch дар соҳаҳои тандурустӣ, молия, савдо ва ғ. истифода мегардад.

Google Cloud AI – барои таҳия ва идораи амсилаҳои зеҳни сунъӣ дар хадамотҳои абрӣ пешбинӣ шудааст.

Amazon SageMaker – ин платформа барои таҳия ва омӯзиши мошинӣ дар Amazon Web Services пешбинӣ шудааст.

Хулоса, ин платформаҳо барои барномасозон, муҳаққиқон имконияти таҳия ва омӯзиши амсилаҳои зеҳни сунъиро медиҳанд.

Инчунин, қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамасола плафторма ва таҷҳизотҳои нави кор ба зеҳни сунъӣ таҳия шуда истодаанд.

Дар баробари ин соҳаҳои татбиқи онҳо низ афзуда истодаанд.

Бояд инро дар хотир дошт, ки зеҳни сунъӣ пурра амалҳои инсонро иваз карда наметавонад ва дар ҳолати дуруст истифода намудани он, самаранокии корро баланд бардоштан мумкин аст.

Декани факултети механикаю математика, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Қосимов Исмоил Латипович

Ёров Меҳрдод Раҳматуллоевич, номзади илмҳои техникӣ, муаллими калони кафедраи информатикаи ДМТ