Шурои илмию методии факултети механикаю математика яке аз воҳидҳои муҳими роҳбарикунандаи фаъолияти таълимӣ ва илмӣ-методии факултет ба ҳисоб меравад. Ҳадафи асосии он баланд бардоштани сифати таълим, мутобиқсозии раванди таҳсил ба талаботи замони муосир ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир мебошад.
Фаъолияти Шуро ба самтҳои зерин равона карда шудааст:
- таҳия, баррасӣ ва тасдиқи барномаҳои таълимӣ ва фаннӣ;
- мувофиқсозии нақшаҳои таълимӣ бо стандартҳои давлатии таҳсилоти олӣ;
- баррасӣ ва тавсия намудани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва маводи кӯмакрасони таълимӣ барои нашр ва истифода дар раванди таълим;
- мусоидат ба ворид намудани усулҳои муосиру инноватсионии омӯзиш, аз ҷумла истифодаи технологияҳои иттилоотӣ;
- баррасии масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани савияи касбии омӯзгорон ва такмили ихтисоси онҳо;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ-методӣ байни кафедраҳои факултет.
Шуро аз ҳисоби устодони варзида ва мутахассисони соҳавии факултет ташкил ёфта, ҷаласаҳои он мутобиқи нақшаи тасдиқшуда дар давоми сол баргузор мегарданд. Қарорҳои қабулшуда дар самти такмили ҷараёни таълим ва рушди фаъолияти илмӣ-методӣ барои тамоми кафедраҳо ва устодони факултет аҳамияти амалӣ доранд.
Руйхати аъзои Шурои илмию методии факултети механикаю математика
№ | Ному насаб | Дараҷаи илмӣ, унвон, вазифа |
1. | Хайруллоҳзода Шамсуллоҳ Амрулло | Доктори илмҳои физикаю математика, профессори кафедраи Алгебра ва назарияи ададҳо (Раиси Шуро) |
2. | Шерзода Нурмаҳмад | Доктори илмҳои техникӣ, профессори кафедраи математикаи ҳисоббарор ва механика (Аъзо) |
3. | Ғафоров Алишер Бобобекович | Номзади илмҳои физикаю математика, мудири кафедраи моделсозии математикӣ ва компютерӣ (Аъзо) |
4. | Шоимқулов Бойтура | Номзади илмҳои физикаю математика, дотсенти кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо (Аъзо) |
5. | Комилов Оқил Одилович | Номзади илмҳои физикаю математика, дотсенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ (Аъзо) |
6. | Хуҷаназарова Гулшод | Номзади илмҳои физикаю математика, дотсенти кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ (Аъзо) |
7. | Исматов Сайфулло Неъматович | Номзади илмҳои физикаю математика, дотсенти кафедраи методикаи таълими математика ва геометрия (Аъзо) |
8. | Тағоев Шамсулло | Номзади илмҳои физикаю математика, дотсенти кафедраи информатика (Аъзо) |
9. | Зарифзода Сарвари Қаҳрамон | Доктори илмҳои физикаю математика, дотсенти кафедраи математикаи ҳисоббарор ва механика (Аъзо) |