Декани факултети механикаю математика

Дакани факултет – н.и.-т., дотсент Саидзода Исроил Маҳмад

Саидзода Исроил Маҳмад 22-юми феврали соли 1984 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Соли 2003 ба шуъбаи рӯзонаи ихтисоси математикаи факултети механикаю математикаи ДМТ дохил шуда, соли 2008 донишгоҳро бо дипломи «аъло» хатм намудааст. Аз соли 2008 ҳамчун ассистент дар кафедраи информатика фаъолият намуда, соли 2018 диссертатсияи номзадиро аз рӯи ихтисоси 05.13.18 – “Амсиласозии математикӣ, усулҳои ададӣ ва комплекси барномаҳо”  ҳимоя кардааст.

Саидзода И.М. аз соли 2018 ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи информатика, аз соли 2020 ба ҳайси мудири кафедраи информатика фаъолият намуда, соли 2025 ба вазифаи декани факултети механикаю математика таъин шудааст.

Таҳқиқоти мушаххаси илмию методии ӯ ба татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар амсиласозии математикию компютерии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ – маориф, экосистемаи обанборҳо, ҳавзҳои моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ бахшида шудаанд. Ӯ дар ин самт 4 китоби дарсӣ, 3 монография, 9 воситаи таълимию дастури методӣ, ду шаҳодатномаи ҳуқуқи муаллифӣ ва зиёда аз 170 мақолаҳои илмӣ ба нашр расонидааст.