
Нарзуллоев Парвиз Лутфуллоевич 20-уми майи соли 1993 дар деҳаи Обшорони шаҳри Ҳисор, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1999 ба синфи якуми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №54-и шаҳри Ҳисор рафта мактаби номбурдаро соли 2010 бо баҳои хубу аъло хатм намудаст.
Пас аз хатми мактаби миёна соли 2010 ба факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2015 хатм намудааст. Соли 2015 ба ҳайси мудири синфхонаи компютерии факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти кори худро шурӯъ намудааст.
Соли 2020 шуъбаи магистратура ва соли 2023 докторантураи доктор PhD –ро аз рӯи ихтисоси “Амсиласозии математикӣ ва компютерӣ” хатм намудааст.




