Муовини декан оид ба илм

Хушвахтзода Муҳидин Бурак, 23-юми феврали соли 1993 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 2011 ба факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд. Соли 2016 факултети механикаю математикаро бо ихтисоси “Математик. Омӯзгори фанҳои математика ва информатика” хатм намудааст. Соли 2017 ба шуъбаи рузонаи аспирантураи ДМТ, дохил шуда ҳамчун аспиранти кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳои факултети механикаю математика, ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғул шудааст. Санаи  6-уми январи соли 2021 рисолаи номзадии худро дар Шурои диссертатсионии 6D.КАО-012 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Некоторые классы особых интегральных уравнений типа Вольтерра для неограниченных областей” ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика гаштааст.

Хушвахтзода М.Б. то имрӯз як қатор корҳои илмии назаррасро анҷом додааст, ки натиҷаи онҳо дар маҷаллаҳои дохил ва хориҷи кишвар нашр шудаанд. Аз он ҷумла як монографияи илмӣ дар нашриёти “Lap Lambert academic publishing, Germany-2022”, ду дастури методӣ аз фанни математика, якчанд мақолаҳои илмие, ки ба системаҳои маълумотии Scopus (Elsevier),  (Web of Science), zbMATH (Springer), MathSciNet (AMS), Math-Net.Ru, РИНЦ (eLibrary.Ru) дохиланд, ба нашр расидаанд. Инчунин муаллифи зиёда аз 25 адад мақолаҳои илмии нашршуда дар маҷаллаҳои  тақризшавандаи КОА назди Президенти ҶТ ва КОА ФР мебошад.

Хушвахтзода Муҳиддин Бурак бо маърузаҳои илмии хеш дар конференсияҳои илмии байналмиллалии математикӣ ба тариқи ҳузурӣ дар шаҳрҳои Москва ва Новосибирски Федератсияи Русия, шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон, шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон, ва ба тариқи онлайнӣ дар чандин конференсияҳои илмиву назариявӣ иштирок ва баромад намудааст.

Санаи 3.02.2023 барои фаъолияти пурсамари эҷодӣ дар самти илмҳои дақиқ дар асоси  натиҷагириҳои соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе зимни натиҷаи озмуни “Беҳтаринҳо дар соҳаи кор бо ҷавонони ш. Душанбе” сазовори ҷойи аввал гашта бо дипломи дараҷаи I сарфароз гардонида шудааст.

Санаи 17-уми апрели соли 2023 аз тарафи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бо “Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ дар соли 2023” қадрдонӣ карда шудааст.

Аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон буда дар якчанд конференсияҳо ва чорабиниҳои сатҳи давлатӣ вобаста ба мавзуҳои ватандустиву ватанпарастӣ иштирок намуда бо маърузаҳои илмиву оммавии хеш баромад намудааст.Инчунин барои саҳми арзишманд гузоштан дар татбиқи  босамари сиёсати давлатии ҷавонон, таълиму тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандустиву меҳанпарастӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шудааст.