МУҲАББАТ БА ВАТАН

139

Дар ҷаҳони муосир тағйироти куллӣ ба амал омада, бархӯрди манфиатҳои иқтисодиву сиёсӣ моро водор месозад, ки дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳамеша омода бошем. Барои комёбӣ дар ин ҷода тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар руҳияи ватанпарастӣ шарти муҳим ба шумор меравад. Ҷавонон ояндаи миллат мебошанд, онҳо бояд моҳияти ватандӯстиву арзишҳои миллиро хуб бояд дарк намоянд. Онҳо набояд фаромӯш сохта бошанд, ки ватан зодгоҳ ва макони муқаддаси фарзандони фарзонаи ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Калимаи Ватан чунон ҷаззобияте дорад, ки бо шунидани он хонаву дар, гаҳвораву модари меҳрубон пеши назар меояд. Шояд аз ҳамин нигоҳ бошад, ки бузургони мо мафҳум ва маънии Ватанро бо калимаҳои Модар, садоқат, оила, миллат алоқаманд медонанд.

Бале, беҳуда Ватанро сарнавишту қисмати ҳар як инсон ва модари мушфиқу меҳрубон нагуфтаанд. Дар ҳақиқат модарони меҳрубони мо – офарандаву бадунёоварандаи мо инсонҳо бошанд, пас, Ватан бо меҳру муҳаббати навозишкоронаи хеш моро дар бар гирифта, барои кору фаъолият ва идомаи ҳаёти рангини мо оғӯш кушодааст. Ба андешаи мо, ҳар як халқу миллат бояд Ватан–Модар, марзу буми онро дӯст дорад ва ҳамчун фарзандони вафодори Ватан барои ҳастии он ҷоннисорӣ намояд.

Лоиқ Шералӣ барҳақ фармудаанд, ки Ватан аз гаҳвораву шири поки модарон оғоз мешавад:

Ватан сар мешавад аз гаҳвора,

Зи шири поку аз пистони модар.

Беҳбудиву беҳрӯзӣ ва хушномию фирӯзии мову шумо бо номи Ватан алоқамандии бевосита дорад:

Ватан беҳбудию беҳрӯзии мост,

Ватан хушномию фирӯзии мост.

Дар ҳаёти ҳар як инсон яке аз он муқаддасоти ягонаву ҷовидонӣ ин Ватан–Модар ба шумор меравад.

Тавре мо медонем, аз рӯйи қиссаву ривоятҳо мардуми ватандӯсти мо ҳисси ватандӯстӣ ва хоку марзу буми онро хеле муқаддас шуморида, хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон беҳтару волотар медонанд:

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,

Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.

Воқеан, Ватан-Модар ба ҳам ҳаммаъно буда, мафҳуму маънии бузургро доранд. Ба андешаи мо Ватан ин ифтихор, шаъну шарафи ҳар инсони комил, неъмати бебаҳое, ки Офаридгор ато намудааст ва дурри гаронбаҳоест, ки он ба ҳеҷ ганҷу сарвате баробар карда намешавад. Бинобар ин, мо бояд Ватани хешро дӯст дорем. Зеро оромиву осудагӣ ва шукуҳу гулгулшукуфии Ватан ба ҳар сокини он вобастагӣ дорад.

Меҳру муҳаббати Ватан ва ҳисси ватандӯстӣ одатан дар даврони кӯдакии ҳар як шахс оғоз меёбад. Ҳисси баланди ватандӯстӣ ва меҳру муҳаббати бепоён ба Ватан ин худ вафодориву садоқат ба Ватан маҳсуб мешавад.

Вазифаи мо – фарзандон танҳо аз Ватан ва бузургони миллат ифтихор кардан набуда, балки бояд ватанпарвар, ватандӯст ва ғамхори он бошем. Барои ин мо бояд расму русум, анъанаҳои бостонии хешро эҳё намуда, онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Ватан барои мо ҳамчун хонаи умеду орзуҳо ва бахшандаи бахту саодати инсонӣ ва модари азизу ғамхору меҳрубон аст. Доир ба ин масъала фикру ақидаи хешро бо мисраъҳои шоири маҳбуб Хабиб Юсуфӣ тақвият доданием:

Ватанро бинозам, маро дар канор,

Чу модар гирифту намуд бахтиёр.

Дар чунин даврони пешрафт моро чун шаҳрванди масъулиятшинос лозим меояд, ки илмҳои замонаро хуб аз бар созем, забонҳои хориҷиро аз худ намоем, компютерро озодона истифода барем ва аз пешрафти илму техника саривақт огоҳ шавем. Имрӯзи хубро самаранок истифода бурдан барои ояндагон заминаи созгори зиндагиро фароҳам меоварад. Ояндаи неки мо аз меҳнати ҳалол кардану дониши мукаммал гирифтан, ватанро дӯст доштану дар пешрафти он аз дилиу ҷон кору пайкор намудан вобаста аст.

Тоҷикистон барои мо ватани маҳбуб буда, мо вазифадорем марзу буми ин макони муқаддасро ҳифз намоем ва дар ободии он аз дилу ҷон талош варзем.

Дар интиҳо аз забони шоир гуфтанием:

Аз ин ватанӣ бидон, ки соҳибватанӣ,

Соҳибватанӣ, кафили қадру суханӣ.

Гар дар ватанӣ, соҳиби боғу чаманӣ,

Гар беватанӣ, белаҳату бекафанӣ.

Дур аз ватанӣ, гар ба у санг занӣ,

Ҳам хоину, ҳам нокасу, ҳам аҳриманӣ.

Дарвеши Ватан бош, ки шоҳи ватанӣ,

Қорунию бе Ватан, чун бе пироҳанӣ…

Зокиров С.Ҳ. – мудири кафедраи математикаи олӣ,

Бобоёров Ш. К. – дотсенти кафедраи математикаи олӣ