Омўзиш ва ташаккули илмҳои табиатшиносї, аз љумла илмҳои математикї дар љумҳуриамон, асосан, аз соли 1948 пас аз таъсис додани Донишгоҳи давлатии Тољикистон (ҳоло ДМТ) дар ш. Сталинобод (ҳоло ш.Душанбе) оѓоз ёфт. Соли 1949 дар ҳайати ин донишгоҳ шуъбаи математика кушода шуд, ки дар он ҳамагї 14 нафар донишљў ќабул гашт. Соли 1965 дар асоси ин шуъба факултети механикаю математика таъсис дода шуд, ки дар он 215 нафар донишљў таҳсил ва дар 3 кафедраи он 27 нафар устод кор мекарданд. Тараќќиёти босуръати илму техника, аз љумла, илмҳои табиатшиносї ва талаботи рўзафзуни хољагии халќи љумҳуриамон ба кадрҳои баландихтисоси соҳаи илмҳои математикї зарурати таъсис додани ин факултетро ба миён оварда буд. Вобаста ба ин дар назди факултет чунин вазифаи пурмаҳсул меистод, ки талабот бояд пажўҳишгоҳҳои илмї-тадќиќотї ва мактабҳои олию миёнаи љумҳурї бо кадрҳои баландихтисоси соҳаи математика таъмин карда шавад.
Ҳоло дар факултет аз рўи 5 ихтисос – 31030102 – математика, 31030302 – математикаи татбиќї, 31030400 – информатика, 31030202- механика ва 98010101-амнияти компютери мутахассис тайёр карда мешавад. Дар заминаи ин ихтисосҳои номбурда, боз факултети муштараки технологияи информатсионии Донишгоҳи давлатии Беларус ва Донишгоҳи миллии Тољикистон аз рўи ихтисосҳои 98010101 – амнияти компютерї, 31030802 – математика ва технологияи информатсионї ва 31030700 – информатикаи татбикї амал мекунад. Дар 9 кафедра – таҳлили математикї ва назарияи функсияҳо, таҳлили функсионалї ва муодилаҳои дифференсиалї, алгебра ва назарияи ададҳо, МТМ ва геометрия, математикаи ҳисоббарорї ва механика, информатика, технологияи иттилоотї ва иртибогї, моделсозии математикї ва компютерї, математикаи олї корҳои илмї ва таълимию методї мераванд.
Марҳамат ба факултети механикаю математика!