Кафедраи моделсозии математикӣ ва компютерӣ

Одинаев Раим Назарович – мудири кафедраи моделсозии математикӣ ва компютерии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, д.и.ф.м., профессор.

ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРА

Кафедра  дар асоси  қарори Шурои  олимони  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  аз   29.11.2013 таҳти №5 таъсис дода  шуд. Нахуст мудири кафедра доктори илмҳои физикаю математика, профессор  Нуров  Исҳоқбой  Ҷумаевич  буданд. Омӯзгорони кафедра ба ихтисосҳои донишгоҳ дар доираи талаботҳои нақшаҳои амалкунандаи таълимӣ аз фанҳои моделсозии математикӣ ва компютерӣ, мошинаҳои электронии ҳисоббарор ва барномасозӣ, информатика, методҳои оптимизасионӣ, татқиқи амалиёт ва назарияи бозиҳо, назарияи қарорқабулкунӣ ва идоракунии оптималӣ, асосҳои технологияҳои компютерии муосир дарс медиҳанд, инчунин барои ихтисоси моделсозӣ  курсҳои тахассусӣ ва амалӣ мегузаранд. Донишҷӯён аз фанҳои тахассусии кафедра корҳои курсӣ ва рисолаҳои дипломӣ менависанд ва дар маҳфилҳои кафедра ширкат меварзанд.

Имруз хайати кафедра аз  1 профессор, 4 номзади илм, 4 муаллимони калон ва 4 ассисентон иборат мебошад. Дар кафедра  семинарҳои илмӣ амал мекунад ва ҳамкориҳои илмӣ бо донишгоҳҳои  УФА (БГУ), Магнитогорс (МА ГУ), Университети техникии Вологда (ВО ГТУ), Университети Ярославль, Институти проблемаҳои идоракунӣ (ИПУ), Университети Ломоносов(МГУ)  федерасияи  Руссия ва Донишгоҳи аграрии Файсалобод (Покистон)  ба роҳ монда шудааст.

Омӯзгорони кафедра мақолаҳои илмии худро дар маҷалаҳои бонуфузи Федератсияи Руссия, Узбекистон, Қирғизистон, Ҳиндустон ва Покистон чоп намудаанд.

Ном,насаб ва номи падар Вазифа Дараҷа ва унвони илмӣ
Одинаев Раим Назарович мудири кафедра доктори илмҳои физикаю математика, профессор
Давлатов Имом дотсенти кафедра номзади илмҳои физикаю математика, дотсент
Одиназода Сафаргул Атабек дотсенти кафедра номзади илмҳои физикаю математика, дотсент
Одинаев Алимурод Ҳомидович дотсенти кафедра номзади илмҳои техникӣ, дотсент
Ғафоров Алишер Бобобекович муаллими калони кафедра номзади илмҳои физикаю математика, муаллими калон
Идиев Ғуфрон Аҳмадович муаллими калон
Қосимов Шерали Наимович муаллими калон
Туманова Шарифамо Сатторовна муаллими калон
Ниматова Матлуба Ҳакимовна муаллими калон
Давлатова Шаҳрбону Шамсуллоевна ассистент
Шарифов Бахтиёр Латифович ассистент
Раимзода Фаррухшоҳ ассистент
Нарзуллоев Парвизҷон Лутфуллоевич ассистент

Руйхати васоити таълимии чопшуда

  • Р.Н. Одинаев,М. К. Юнуси.  Татқиқи амалиёт. Васоити таълимӣ. Душанбе, Матбааи ДДМТ,-2001 с. 144с.
  • Р.Н. Одинаев, И. Косимов, С.Мирзоев. Асосҳои информатика ва технологияи компютерӣ. Васоити таълимӣ.   Душанбе,  Матбааи  ДДМТ, -2006. 176 с.
  • Р.Н. Одинаев,М. К. Юнуси.  Методҳои оптимизатсионӣ.  Васоити таълимӣ.   Душанбе,  Матбааи  ООО «Сармад-Компания »-2013. 110с.
  • Саидов И., Раупов И.,Мирзоев С., Қосимов Ш.Барномасозӣ дар забони алгорифмии Паскал (Иловаҳо. Borland Delphi). Васоити таълимӣ. Матбаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе – 2014. 126с
  • Давлатов Д.М., Ҷалилов Х.М., Одинаев А.Ҳ. Забони барномасозии C# барномаҳо ва қайдҳои умумӣ /Давлатов Д.М., Ҷалилов Х.М., Одинаев А.Ҳ. //Душанбе:Эр-граф.-2016, 120 саҳ.
  • Ғафоров А.Б., Мирзоев А.Ҳ., Қодиров Ғ.М. Датури методӣ. Маҷмӯи ҳалли мисолу масъалаҳои олимпиада аз математика ва барномасозӣ /Ѓафоров А.Б., Мирзоев А.Ҳ., Қодиров Ғ.М. //Душанбе: ЭР-граф.-2016, 146 саҳ.
  • Нуров И.Ҷ., Шарифзода И.З. Дастури таълимӣ-методӣ. Алгоритмҳо ва тарҳрезии компютерии системаҳои динамикӣ, Душанбе: “Эр-граф”.-2016, 148 саҳ.
  • Шарифов Б., Ситамов С. Технологияи информатсионӣ дар раванди таълим. Дастури таълимӣ-методӣ, Душанбе, Ирфон.-2017, 192 саҳ.
  • Шерматов Н., Раимзода Ф. Асосҳои математикаи ҳисоббарорӣ.Васоити таълимӣ /Шерматов Н., Раимзода Ф. //Душанбе: Матбааи Эр-граф.-2018, 119 саҳ.
  • Одинаев Р.Н., Шерматов Н.,Шакарбеков Қ.С. Асосҳои таҳлили регрессионӣ /Одинаев Р.Н., Шерматов Н., Шакарбеков Қ.С. //Душанбе: ЭР-граф.-2019, 67 саҳ.
  • Одинаев Р.Н., Бобоёров Ш., Шерматов Н. Тадбиќи назарияи гипотезањо дар њалли масъалањои амалї /Одинаев Р.Н., Бобоёров Ш., Шерматов Н. //Душанбе: ЭР-граф.-2019, 107 саҳ.
  • Идиев Ғ.А., Латипов С.О., Наимов Н.М. Васоити  таълимӣ. Усулҳои ҳалли масъалаҳои математикӣ дар системаи компютерии математикии Maple /Идиев Ғ.А., Латипов С.О., Наимов Н.М. //Душанбе: Матбааи ДДОТ ба номи С.Айнӣ дар назди Парки Технологӣ. -2019, 92саҳ.
  • Давлатов Д.М., Хайров Ҳ.С. Дастури методӣ оид ба пешгирии вазни зиёди бадан ва табобати фарбеҳӣ тавассути ғизо /Давлатов Д.М., Хайров Ҳ.С. ва дигарон //Душанбе: ҶДММ “Абдураҳмон”.-2020, 100 саҳ.
  • Одинаев Р.Н., Шерматов Н., Нарзуллоев П.Л. Татбиқи усулҳои статистикӣ дар ҳалли масъалаҳои амалӣ /Одинаев Р.Н., Шерматов Н., Нарзуллоев П.Л. //Душанбе: Эр – Граф.-2020, 95 саҳ.
  • Одинаев Р.Н., Шерматов Н., Раимзода Фарухшоҳ, Раимзода Фараҳноз. Методҳои оптимизатсионӣ дар мисолу масъалаҳо /Одинаев Р.Н., Шерматов Н., Раимзода Фарухшоҳ, Раимзода Фараҳноз //Душанбе: Эр – Граф.-2020, 151 саҳ.
  • Нарзуллоев П.Л., Шерматов Н. Дастури методӣ. Назарияҳои бемаҳдуд тақсимшавандагии қонунҳои тақсимот ва равандҳои стохастикӣ /Нарзуллоев П.Л., Шерматов Н. //Душанбе: Эр – Граф.-2020, 100 саҳ.
  • Ғафоров А.Б., Ғафоров З.Б. Забони барномасозии С++ /Ғафоров А.Б., Ғафоров З.Б. //Душанбе: Эр – Граф.-2020, 115 саҳ.

Руйхати китобҳои дарсии ва монографияхои чопшуда

  • Одинаев, Р.Н. Методҳои оптимизатсонӣ: китоби дарсӣ/ Р.Н. Одинаев. – Душанбе: Матбааи ДМТ, 2021. – 246 с.
  • Р.Н. Одинаев,М. К. Юнуси.  Исследование математической модели задачи защиты растений. Монография. Душанбе  Издательство ООО «Сармад-Компания »-2013. 110с.