Кафедраи информатика

Қосимов Исмоил Латипович – мудири кафедраи информатикаи факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, дотсент.

17.02.1971 дар ноҳияи Орджонкидзобод, ҳозира шаҳри Ваҳдат, дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Соли 1992 ба факултети механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), ихтисоси математикаи амалӣ дохил шуда, онро соли 1999 хатм намудааст. Номбурда аз соли 2000-ум то соли 2018 дар кафедраи информатикаи факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар вазифаҳои лаборанти калон, ассистент, муаллими калон, дотсент ва аз моҳи сентябри соли 2018 то моҳи апрели соли 2022 дар вазифаи мушовири академии дараҷаи 1-уми декани факултети муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Белорус фаъолият намудааст. Аз 22-юми апрели соли 2022 то моҳи марти 2025 декани факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

        Қосимов Исмоил Латипович рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Коркард ва таҳқиқоти амсилаи математикӣ динамикаи системаҳои экологии ҳавзҳои моҳипарварӣ бо амури сафед», дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҳимоя намудааст. Қосимов И.Л. дорои 1-монография, ки дар матбаъаи LAP LAMBERT Academic Publishing, Ҷумҳурии Олмон бо номи “Имитационная модель динамики экосистемы макрофитного рыбоводного пруда. – LAP LAMBERT Academic Publishing (Project ID:#130070; ISBN 978-3-659-80543-1) LAP: OmniScriptum GmbH & Co. KG, Bahnhofstraße 28, D-66111 Saarbrücken” ба нашр расионидааст, инчунин зиёда аз 50 мақолаю фишурда мақолаҳо дар журналҳои дохилию хориҷӣ чоп намудааст. То ба имрӯз  ду китоби дарсӣ барои синфҳои 10-ум ва 11-уми мактабҳои таҳсилоти умумии ҶТ аз фанни технологияҳои иттилотӣ, ҳафт васоити таълимӣ барои омӯзгорони мактабҳои олӣ, се силабуси таълимӣ аз фанҳои “Асосҳои информатика ва назарияи алгоритмҳо”, “Амалия дар компютер” , “Барномасозӣ” ва як роҳнамои омӯзгор аз фанни технологияҳои иттилоотӣ барои синфҳои 11-уми мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба нашр расонидааст:

ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРА

Кафедраи информатика яке аз падидаҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Кафедра ҳамчун ҷузъи таълимию илмӣ ва тарбиявии факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баҳри хоҷагии халқи мамлакат садҳо нафар мутахассисони баландихтисосро тайёр намуда, дар пешрафти иқтисодиёт ва илму фарҳанги кишвар саҳми муносиб гузоштааст.

Кафедра соли 1991 таъсис ёфта, аз рӯи ихтисоси «Информатика» 31030400 мутахассис тайёр мекунад. Дар кафедра имрӯз 15 нафар омӯзгор ба фаъолияти илмию педагогӣ фаро гирифта шудаанд.

Тайи солҳои 1991-2012 роҳбарии кафедраро Арбоби илму техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Юнусӣ М.Қ. ба уҳда дошт. Аз соли 2013 то 2015 кафедраро доктори илмҳои физикаю математика, профессор, академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ Комилиён Ф.С. роҳбарӣ кардааст. Аз соли 2015 то 2018 роҳбарии кафедра ба дӯши номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Ҷалилов Х.М. вогузор гардида буд. Аз соли 2019 то инҷониб кафедраро номзади илмҳои техникӣ, дотсент Саидзода Исроил Маҳмад роҳбарӣ мекунад.

Дар кафедра семинари илмии устодон ва маҳфилҳои илмӣ-таълимии донишҷӯён  амал мекунанд, ки дар онҳо ба ғайр аз устодони соҳибтаҷриба, инчунин мутахассисони ҷавон ва донишҷӯён фаоъолона иштирок мекунанд. Шогирдони пешқадами кафедра ҳар сол дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ, озмунҳои илмии донишҷӯён ва барномаҳои таҳқиқотӣ-озмунӣ иштирок намуда, ғолиби ин озмунҳо дониста мешаванд.

Кафедра аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш ҳамкориҳои илмию таълимиро бо кафедраҳои ҳамсони мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ва ҷаҳон ба роҳ мондааст.

Тайёр намудани мутахассисони дараҷаи илмидошта яке аз самтҳои афзалиятноки кафедра ба ҳисоб меравад. Таҳти роҳбарии устодони варзидаи кафедра профессор (шодравон) Юнусӣ М.Қ. ва профессор Комилиён Ф.С. зиёда аз 40 нафар унвонҷӯ ва аспиранту докторантон диссертатсияҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намудаанд.

Аз ҷониби устодони кафедра қариб 500 мақолаю фишурдамақолаҳои илмӣ ва зиёда аз 300 китобҳои илмию методӣ дар шакли монографияҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ, дастурҳои методӣ ва барномаю стандартҳои таълимӣ ба нашр расонида шудаанд.  Тамоми китобҳои дарсии фанни технологияи иттилоотӣ барои хонандагони синфҳои 5-ум то 10-уми МТМУ ва фанни информатика барои донишҷӯёни МТОК аз ҷониби устодони кафедра навишта шудаанд. Қисми зиёди устодони кафедра аъзои гурӯҳи ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсии фанни технологияи иттилоотии назди Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки роҳбарии онро профессор Комилиён Ф.С. бар уҳда дорад.

ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРА

Ному насаб Вазифа Дараҷаи илмӣ Унвони илмӣ
Қосимов  Исмоил   Латипович мудири кафедра номзади илмҳои техникӣ дотсент
Комилиён Файзалӣ Саъдулло профессор доктори илмҳои физикаю математика профессор
Мирзоев Сайъло Ҳабибуллоевич дотсент доктори илмҳои техникӣ дотсент
Саидзода Исроил Маҳмад декани факултет номзади илмҳои техникӣ дотсент  
Ҷалилов Хуршед Мақсудович дотсент номзади илмҳои физикаю математика  дотсент
Наимов  Нурулло  Маҳмадуллоевич дотсент номзади илмҳои физикаю математика  
Тағоев Шамсулло Хурсандович Омӯзгори калон номзади илмҳои педагогӣ  
Ёров Меҳрдод Раҳматуллоевич Омӯзгори калон номзади илмҳои техникӣ  
Ризоев  Самардин  Сунъатуллоевич Омӯзгори калон    
Каримов Умед Мусоевич ассистент    
Файзуллоев Фарҳод Раҷабович ассистент        
Раимзода Фараҳноз ассистент    
Мавлонзода Сафаралӣ ассистент    
Солиҳзода Диловари Имомалӣ                                                               ассистент          
Холдонов Абдураҳмон Абдуллоевич ассистент    

Тибқи барномаи рушди кафедра барои солҳои 2018-2023 фаъолияти он бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки ҳамчун маркази асосии таълимӣ, методӣ, илмӣ, эҷодӣ ва фарҳангии самтҳои информатика ва технологияҳои иттилоотӣ дар ҷумҳурӣ бояд дар тамоми соҳаҳои илму дониш, коркарди консепсияҳо, назарияҳои илмӣ ва эҷоди технологияҳои муосир нақши муассир дошта бошад.

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти кафедра дар солҳои 2018-2023:

  • таълимӣ – омода сохтани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯй ба тақозои замон ва талаботи бозори ҷаҳонӣ;
  • илмӣ – дар асоси беҳтарин анъанаҳои ватанӣ ва хориҷӣ, бо назардошти талаботу хусусиятҳои ҷумҳурӣ, нигоҳ доштан ва васеъ гардонидани потенсиали илмӣ дар самти информатика;
  • инноватсионӣ – табдил додани кафедра ба маркази рушди навгониҳо дар соҳаҳои информатика ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;
  • фарҳангӣ – бо роҳи фароҳам овардани муҳити маънавӣ, ба яке аз марказҳои иттилоотию фарҳангӣ табдил додани кафедра.