Кафедраи геометрия ва методикаи таълими математика

Шашуми марти соли 1963 кафедраи методикаи таълими математика ва физика таъсис дода шуд. Аз якуми сентябри соли 1965 кафедраи методикаи таълими математика аз методикаи таълими физика ҷудо карда шуд. Аз моҳи феврали соли 1965 кафедра номи кафедраи геометрия ва методикаи таълими математикаро гирифт. Ҳадафи асосии ташкил ёфтани кафедра аз он иборат буд, ки барои мактабҳои миёна кадрҳои баландихтисос тайёр карда, хатмкунандагонро бо методҳо ва усулҳои замонавии таълими математика ва геометрия ошно намояд.

Кафедра дар давоми фаъолияти худ дар тарбияи чандин наслҳои муаллимони риёзиёт, интеллигентсияи миллӣ саҳми арзандаи худро гузоштааст ва минбаъд низ мегузорад. Дар кафедра, дар солҳои гуногун, устодони зиёде, ба мисли Антропова В.И., Мухторов С.М., Маҳмадҷонов С.М., Музаффарова Ҳ.П., Кельман Э.И., Неъматуллоева Қ.Ҳ., Силитсер С.И., Эркинбоев Х., Ризоева К., Аблобердиев Р. ва дигарон кору фаъолият намудааанд.

Корҳои илмию тадқиқотии аъзоёни кафедра ба ҳалли масоили психологию педагогии такмили таълими математика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишгоҳ, инчунин мукаммалгардонии китобҳои дарсии математикаи амалкунанда дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ равона шудааст. Дар тӯли фаъолияти илмию таълимӣ аз ҷониби устодони кафедра зиёда аз 90 номгӯй китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ нашр карда шудааст.

Ҳоло дар кафедра дотсентон – Исматов С.Н. ва Ҷумъаев К.Қ., ассистентон – Қурбонов С.Р., Умаров С.Ҳ. ва Мирзозода М. ба корҳои илмию амалӣ машғуланд.

Исматов САЙФУЛЛО НЕЪМАТОВИЧ

14.01.1977

ДАРАҶАИ илмӢ

номзади илмҳои физикаю математика

Рисолаи номзадӣ: Распределение дробных частей значений линейного многочлена, аргумент которого принимает простые числа из коротких интервалов (Тақсимшавии қисмҳои касрии қиматҳои бисёраъзогии хаттӣ, ки аргументаш ададҳои соддаро аз интервалҳои кӯтоҳ қабул мекунад). ш. Душанбе, 26.06.2015

Ихтисос 01.01.06 – математическая логика, алгебра и теория чисел (мантиқи математикӣ, алгебра ва назарияи ададҳо). Рисолаи докторӣ: нест.

Унвони илмӣ: дотсент.

Номгӯи китобҳои чопшуда: Ҷумъаев К.Қ., Исматов С.Н., Ҳафизов Ҳ.М., Қурбонов С.Р., Самаров Ш.Ш. Ҳалли масъалаҳои мунтахаб аз математика. – Душанбе, «Саманд», 2018, – 418 с.

Миқдори интишороти илмӣ дар 5-соли охир: Ҳамагӣ 16-то. Мақолаҳо 13, фишурдамақолаҳо – 3.

Фанни таълимие, ки аз тарафи омӯзгор дарс дода мешаванд: Асосҳои назарияи элементарии ададҳо; Методҳои ҳалли масъалаҳои риёзӣ; Курси махсус – Методикаи ҳалли муодилаҳо, нобаробариҳо ва системаҳои онҳо; Курси махсус – Методикаи таълими пайдарпаиҳо ва ибтидои анализ дар МТМУ.

Мукофоту ҷоизаҳо: нест.

Маълумот оид ба омӯзгор: Исматов Сайфулло Неъматович – номзади илмҳои физикаю математика, мудири кафедраи методикаи таълими математика ва геометрияи факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Ҷумҳуриии Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Сино, к. Б. Ғафуров, х. 40. Тел: (+992) 935677852; saifullo@mail.ru

ҶУМЪАЕВ КОМИЛ ҚОБИЛОВИЧ

06.11.1943

ДАРАҶАИ илмӢ номзади илмҳои педагогика

Рисолаи номзадӣ:

Изучение задач как путь осуществления дидактических целей решение их в школе (Омӯзиши масъалаҳо ҳамчун роҳи амалисозии мақсадҳои дидактикии ҳалли онҳо дар мактаб). ш. Душанбе, 1974

Ихтисос 13.00.01 – общая педагогика (педагогикаи умумӣ).

Рисолаи докторӣ: нест.

Унвони илмӣ: дотсент.

Номгӯи китобҳои чопшуда: Джумаев К.К., Раджабов Р.К. Лабораторные работы по курсу “Методика преподавания математики, основ информатики и вычислительной техники”. Часть 1 и 2, – Душанбе 1989, – 89 с. Ҷумъаев К.Қ. Ҷустуҷӯи ҳалли масъалаҳои геометрӣ. (Васоити таълимӣ барои муаллимон). Душанбе, Маориф, 1991, – 96 с. Ҷумъаев К.Қ. ва дигарон. Асосҳои математикаи элементарӣ ва маҷмӯаи мисолу масъалаҳо. – Душанбе, “Деваштич” 2007, – 438с. Ҷумъаев К.Қ., Исматов С.Н., Ҳафизов Ҳ.М., Қурбонов С.Р., Самаров Ш.Ш. Ҳалли масъалаҳои мунтахаб аз математика. – Душанбе, «Саманд», 2018, – 418 с.

Миқдори интишороти илмӣ дар 5-соли охир: Ҳамагӣ 5-то. Мақолаҳо – 5.

Фанни таълимие, ки аз тарафи омӯзгор дарс дода мешаванд: Методикаи таълими математика; Курси махсус аз методикаи таълими математика.

Мукофоту ҷоизаҳо: Медали юбилейии «XXX» – солагии ДМТ», Ҷоизаи «Комсомоли Ленинӣ»(1975), Алоъчии маъориф (1976). Маълумот оид ба омӯзгор: Ҷумъаев Комил Қобилович – номзади илмҳои педагогика, дотсенти кафедраи методикаи таълими математика ва геометрияи факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Ҷумҳуриии Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Сино, к. Ломоносов (Ҳувайдуллоев), х. 94, Тел: (+992) 938090933.

ҒАФОРОВ САТТОР

10.06.1956

ДАРАҶАИ илмӢ номзади илмҳои физикаю математика

Рисолаи номзадӣ: Полукасательные структуры высщего порядка (Структураҳои нимрасандагии тартиби олӣ). ш. Қазон, 24.12.1992

Ихтисос 01.01.04 – геометрия и топология (геометрия ва топология).

Рисолаи докторӣ: нест.

Унвони илмӣ: дотсент.

Номгӯи китобҳои чопшуда: Fафоров С., Алиқулов Р., Маханов Р.Ю. Математикаи дискретӣ ва мантиқ. – Душанбе, «Эр-граф», 2015. – 140 с. Fафоров С., Маханов Р.Ю., Fаффоров Ш.С. Математикаи олӣ, қисми 1. – Душанбе, «Эр-граф», 2017. – 206 с. 3. Fафоров С., Кабиров А.Т., Fаффоров Ш.С. Назарияи эҳтимолият. – Душанбе, «Эр-граф», 2017. – 197 с.

Миқдори интишороти илмӣ дар 5-соли охир: Ҳамагӣ 13-то. Мақолаҳо – 13.

Фанни таълимие, ки аз тарафи омӯзгор дарс дода мешаванд: Геометрияи дифференсиалӣ ва топология; Геометрияи нақшакашӣ ва графикаи мухандисӣ; Геометрияи дифференсиалӣ ва элементҳои ҳисоби тензорӣ.

Мукофоту ҷоизаҳо: нест.

Маълумот оид ба омӯзгор: Ғафоров Саттор – номзади илмҳои физикаю математика, дотсенти кафедраи методикаи таълими математика ва геометрияи факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Ҷумҳуриии Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. И. Сомонӣ, к. Пушкин, х. 4, Тел: (+992) 935346468.

Қурбонов Cулаймон Pаҷабекович

29.04.1964

Рисолаи номзадӣ: Методические основы повышения ээффективности системы переподготовки и повышения квалификации учителей математики на примере Республики Таджикистана(Асосҳои методии баланд бардоштани самаранокии системаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорони фанни математика дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Ихтисос 13. 00. 02. – Теория и методика обучения и воспитания (математика) (педагогические науки).

Рисолаи докторӣ: нест.

Унвони илмӣ: нест. Номгӯи китобҳои чопшуда: Ҷумъаев К.Қ., Исматов С.Н., Ҳафизов Ҳ.М., Қурбонов С.Р., Самаров Ш.Ш. Ҳалли масъалаҳои мунтахаб аз математика. – Душанбе, «Саманд», 2018, – 418 с.; Комилиён Ф.,Қурбонов С., Тағоев Ш. Роҳнамои фанни технолгияи иттилоотӣ синфи 6 барои омӯзгорони МТУ. – Душанбе, “Маориф”, 2018, – 124 с. Комилиён Ф.,Қурбонов С., Саидов И.М. Роҳнамои фанни технолгияи иттилоотӣ синфи 5 барои омӯзгорони МТУ. – Душанбе, “Маориф”, 2018, – 116 с.; Комилиён Ф.,Давлатов Р.Ҷ., Раҷабов Б. Ф.,Қурбонов С., Роҳнамои фанни технолгияи иттилоотӣ синфи 8 барои омӯзгорони МТУ. – Душанбе, “Маориф” 2018, – 172 с.; Нугмонов М., Қурбонов С.,Туронов С. Роҳнамои фанни математика синфи 5 барои омӯзгорони МТУ. – Душанбе, “Маориф”, 2017, – 144 с.; Нугмонов М., Қурбонов С.,Туронов С. Роҳнамои фанни математика синфи 6 барои омӯзгорони МТУ. – Душанбе, “Маориф”, 2017, – 168 с. Ҳамагӣ 63 –то китоб ва дастур.

Миқдори интишороти илмӣ дар 5-соли охир: Ҳамагӣ 11-то. Мақолаҳо 7, фишурдамақолаҳо – 4.

Фанни таълимие, ки аз тарафи омӯзгор дарс дода мешаванд: Методикаи таълими математика; Таърих ва методологияи математика; Курси махсус – Методикаи омӯхтани мавзӯъҳои математикаи элементарӣ; Курси махсус – Формула ва фуексияҳои тригонометрӣ.

Мукофоту ҷоизаҳо: нест.

Маълумот оид ба омӯзгор: Қурбонов Сулаймон Раҷабекович – аълочии маорифи Тоҷикистон, ассистенти кафедраи методикаи таълими математика ва геометрияи факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. 734025, Ҷумҳуриии Тоҷикистон, ш. Ваҳдат, х. Рудакӣ, 57 а, ҳуҷраи 6, Тел: (+992) 933324040; kurbosulajmon@mail.ru

УМАРОВ САЙЁД

16.09.1995

Фанни таълимие, ки аз тарафи омӯзгор дарс дода мешаванд: Методикаи таълими математика; Методҳои ҳалли масъалаҳои риёзӣ; Таърих, методологияи математика ва асосҳои геометрия; Курси махсус – Методикаи таълими тригонометрия ва функсияҳои тригонометрӣ; Курси махсус – Методикаи ҳалли масъалаҳои геметрия (планиметрия ва стереометрия). Мукофоту ҷоизаҳо: нест.

Маълумот оид ба омӯзгор:

Умаров Сайёд – ассистенти кафедраи методикаи таълими математика ва геометрияи факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Ҷумҳуриии Тоҷикистон, ш. Ҳисор, ҷамоати деҳоти Навобод, деҳаи Ғуриёт, Тел: (+992) 997383035; sayod-1995@mail.ru