ИХТИСОСИ 1-31030400 – ИНФОРМАТИКА

ТАВСИФИ УМУМИИ ИХТИСОСИ  1-31030400 – ИНФОРМАТИКА

Мутахассиси соҳаи информатика барои кор кардан дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, марказҳои компютерию иттилоотӣ, пажуҳишгоҳҳои барномасозии системавӣ, мақомоти идораи давлатӣ, муасссисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, муассисаҳои бонкӣ, корхона, ташкилот, созмон ва объектҳои шакли моликияташон гуногун, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, тайёр карда мешавад. Доираи фаъолияти касбии мутахассиси соҳаи информатика дар сохтани амсилаҳои математикии объектҳо, системаҳо, равандҳо ва ҳодисаҳо зоҳир мешавад, ки онҳо дар навбати худ барои ҳисобкунӣ, таҳлил, омода сохтани қарорҳои идоракунӣ, коркарди таъминоти барномавӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар ҳама соҳаҳои истеҳсолӣ, хоҷагидорӣ, сектори иҷтимоию иқтисодӣ, фаъолияти идорӣ, дар муассисаҳои илмию техникӣ, марказҳои конструкторию лоиҳакашӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ истифода бурда мешаванд.

  1. Маълумот дар бораи ихтисос

Ном, рамз ва гурӯҳи ихтисоси 1-31030400–Информатика ба Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №349 аз 30-июни соли 2007 тасдиқ шудааст, мувофиқ мебошад.

Барномаи бакалавриат аз рӯи ихтисоси 1-31030400–Информатика тибқи Шаҳодатномаи ИА №0000914, аз 17.07.2019 аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф (ҳозира Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) аккредитатсия шудааст.

Барномаи таҳсилотии мазкур аз рӯи ихтисоси 1-31030400–Информатика моҳи майи соли 2021 таҷдиди назар гардида, аз соли таҳсили 2021-2022 мавриди татбиқ қарор дода мешавад.

  • Тахассуси хатмкунанда

Баъди аз худ намудани  барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси 1-310304 00–Информатика дар шакли таҳсили рӯзона, баъд аз хатм ба хатмкунанда касбият ва дараҷаи зерин дода мешавад:

Баъди  азхуд намудани барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси 1-310304 00–Информатика дар шакли таҳсили рӯзонава фосилавӣ, баъд аз хатм ба хатмкунанда касбият ва дараҷаи зерин дода мешавад:

– тахассуси касбӣ – Информатика;

– дараҷаи касбӣ – бакалаври “Информатика барномасоз”.

3. Доираи фаъолияти хатмкунанда

Мутахассиси соҳаи информатика метавонад, мувофиқи тайёрии фундаменталӣ ва махсус, намудҳои зерини фаъолияти умумикасбиро иҷро намояд:

  • илмӣ – тадқиқотӣ;
  • банақшагирӣ – технологӣ;
  • ташкили идоракунӣ.
  • барномасозии системавӣ;
  • педагогӣ;
  • технологӣ – иртиботӣ;
  • маданию равшаннамоӣ;
  • илмию методӣ;
  • таҳлили системавии объекти банақшагирифташаванда, соҳаи омeхташаванда ва вобастагии онҳо;
  • интихоби маълумотҳои аввала барои банақшагирӣ;
  • амсиласозии компютерии объекти банақшагирифташуда;
  • коркард ва баҳисобгирии вариантҳои ҳалли проблема, таҳлили ин вариантҳо, пешгeӣ намудани натиҷаҳо, банақшагирии татбиқи барнома;
  • баҳодиҳии эътимоднокӣ ва сифати амалкунии объекти банақшагирифташуда;
  • баҳисобгирии самаранокии иқтисодӣ;
  • ташкили назорати сифати маълумотҳои дохилшаванда;
  • барномасозии системаи информатсионии бонкӣ;
  • барномасозии раванди таълим.

4. Имкониятҳои идомаи таҳсили хатмкунанда – имкониятҳои давоми таҳсили хатмкунандаи соҳаи информатика: ки барномаи асосии таълимии таҳсилоти олии касбиро аз рeи ихтисоси 31030400- Информатика аз худ намудааст, тибќи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки дипломи зинаҳои таҳсилоти олии касбии бакалавриатро доранд, метавонанд таҳсили худро дар зинаи дуюми таҳсилоти олии касбӣ – магистратура аз рӯи равия ва самт (ихтисос)-и мувофиќ идома диҳанд.

5. Имкониятҳои давоми таҳсили хатмкунанда

Бакалаври мутахассиси ин соҳа, ки  барномаи таҳсилотиро аз рӯи ихтисоси 1-31030400 –Информатика аз худ кардааст, барои идомаи таҳсил дар зинаи магистратура омода мебошад.

Тибқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки дипломи зинаҳои таҳсилоти олии касбии бакалавриатро доранд, метавонанд таҳсили худро дар зинаи дуюми таҳсилоти олии касбӣ – магистратура аз рӯи равия ва самт (ихтисос)-и мувофиқ идома диҳанд.

ҲУҶҶАТҲОИ ТАНЗИМКУНАНДАИ МУНДАРИҶА ВА РАВАНДИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ТАҲСИЛОТӢ АЗ РЎИ ИХТИСОСИ 1-31 03 04 00 “ИНФОРМАТИКА”

6. Барномаи таҳсилотӣ дар асоси  Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф таҳия гардида, коркарди минбаъдаи замимаҳои он бояд ба талаботи ҳуҷҷатҳои зерин мутобиқат намояд:

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, аз 22.07.2013,№1004 (дар таҳрири охирин) аз 17.05.2018,№1527);

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти калонсолон”, аз 24.02.2017,№1394;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ”, аз 19.05.2009,№531;

-Стратегияи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, аз 29.09.2020,№526;

-Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.03.2006,№94 тасдиқ карда шудааст;

-Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 25.02.2017, №94;

-Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 30.06.2007№349;

-Низомнома дар бораи низоми кредитӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Чумҳурии Тоҷикистон, аз 30.12.2016,№19/24;

-Роҳнамо оид ба коркард ва таҷдиди барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

-Нақшаи стратегии рушди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  барои  солҳои 2021-2025

7.  Талаботро оид ба мазмун ва мундариҷаи ҳадди ақали ҳатмии барномаи таҳсилотӣ, шароитҳои татбиқнамоӣ ва муҳлатҳои азхуднамоиро Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

8.  Дар раванди татбиқи барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси  1-31 03 04 00 «Информатика» маҷмуи зерини ҳуҷҷатҳои ҳатмӣ ҷалб карда мешаванд: нақшаи таълим аз рӯи ихтисос, барномаи таълимии корӣ, барномаҳои таҷрибаомӯзӣ, барномаи таълимии фан ва силлабусҳо. Талаботи ҳадди ақал ба мундариҷаи ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида дар Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст.

9. Шарҳи мухтасари барномаҳои таълимии фанҳои ҳатмӣ ва интихобӣ қисми ҷудонашавандаи барномаи таҳсилотӣ ба ҳисоб меравад, ки тавсифи мухтасари фан; намуди машғулиятҳо; забони таълим; салоҳиятҳое, ки бояд дар донишҷӯ зимни  азхуднамоии фанни мазкур ташаккул ёбанд; натиҷаҳои таълиме, ки аз тадриси фан ба даст меоянд; номгӯи боб ва мавзӯъҳои фан; васоити таълимӣ ва таъминоти техникии фан ва шаклҳои назорати ҷорӣ ва ниҳоиро дар бар  мегирад. Талаботи ҳадди ақал ба шарҳи мухтасари барномаҳои таълимии фанҳои ҳатмӣ ва интихобӣ дар замима(ҳо) дарҷ гардидааст. Мазмуну мундариҷаи пурраи барномаҳои кории фанҳои ҳатмӣ ва интихобиро дар китобхонаи электронии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  пайдо кардан мумкин аст(нигаред ба https://tnu.tj).

10.  Барномаи таҳсилотӣ омӯзиши ҳатмии бахшҳо ва модулҳоеро, ки дар банди 3-и ҳуҷҷати мазкур нишон дода шудаанд, бояд ба назар гирад.

11. Бахшҳо ва модулҳои барномаи таҳсилотӣ аз фанҳои ҳатмии компоненти давлатӣ ва донишгоҳӣ, фанҳои интихобӣ, машғулиятҳои факултативӣ, таҷрибаомӯзиҳо ва аттестатсияи хатм иборат мебошад.

12. Номгӯи бахш, модулҳо ва фанҳои компоненти давлатии барномаи таҳсилотӣ ба талаботи ҳуҷҷати “Таснифоти фанҳои таълимӣ аз рӯи бахшҳо ва модулҳо” ҷавобгӯ мебошанд.

13.Таъминот ва дастгирии донишҷӯён

Донишгоҳ дорои заминаи моддӣ-техникие мебошад, ки ба талаботи қоидаҳо ва меъёрҳои амалкунандаи зиддисӯхтор ва гузаронидани ҳама гуна намудҳои омодагиҳои фаннӣ, корҳои амалӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, ки аз ҳуҷҷати мазкур бар меоянд, мутобиқат мебошад.

Ҳар як донишҷӯ ҳангоми таҳсил ба китобхона (китобхонаи электронӣ) ва муҳити электронии иттилоотӣ-таҳсилотӣ дастрасии номаҳдуд доранд. Китобхонаи электронӣ ва муҳити электронии иттилоотӣ-таҳсилотӣ дастрасии донишҷӯро аз ҳар нуқтае, ки тавассути Интернет имконияти ба он пайвастшавӣ мавҷуд аст, таъмин карда метавонад. Муҳити электронии иттилоотӣ-таҳсилотии донишгоҳ имкониятҳои зеринро дорад: дастрасӣ ба нақшаҳои таълим, барномаҳои кории фанҳо ва таҷрибаомӯзиҳо, захираҳои электронии маводҳои таълимӣ, нашриёти низомҳои электронии китобхонаҳо, ки дар барномаҳои таълимии фан нишон дода шудаанд; қайди раванди таълим, натиҷаҳои санҷишҳои марҳилавӣ ва натиҷаҳои азхудкунии барномаи таҳсилотӣ; гузаронидани ҳама шаклҳои дарс, ҷараёни баҳодиҳӣ ба натиҷаҳои таълим, ки татбиқи онҳо бо назардошти истифодаи таълими электронӣ ва технолгияҳои таҳсилоти фосилавӣ сурат мегирад.

Дар тавозуни донишгоҳ 6 хобгоҳ, ҳам барои донишҷӯён ва ҳам барои омӯзгорон мавҷуданд. Хобгоҳҳо дорои ҳуҷраҳои бароҳат буда, ҳаммом, ҳоҷатхона ва ҳуҷраи хӯрокпазӣ дар ҳар як ошёна алоҳида ҷойгиранд. Инчунин дар хобгоҳҳо ошхона ва нуқтаҳои хӯрокхӯрии фаврӣ мавҷуданд. Сокинон бо мебели зарурӣ (кат, ҷевони либос, мизу курсӣ), инчунин ҷойхобҳо таъмин карда мешаванд. Дар хобгоҳҳо пайваста барои беҳтар кардани шароити зист мунтазам кор бурда мешавад.