Мутахассиси соҳаи механика барои кор кардан дар муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, марказҳои истеҳсолӣ-технологӣ, корхонаҳо, неругоҳҳои обӣ, марказҳо ва пажӯҳишгоҳҳои системаҳои механикӣ, институтҳои об ва энергетикӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ, корхонаю объектҳои шакли моликияташон гуногуни хоҷагии халқ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, тайёр карда мешавад. Доираи фаъолияти касбии мутахассиси соҳаи механика асосан соҳаҳои гуногуни истеҳсолот, корхонаю фабрикаҳо ва стансияҳои обию барқӣ мебошад, ки бо дастгоҳҳои механикӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Инчунин, моделҳои механикӣ ва математикӣ буда, барои гузаронидани таҳлил, коркард ва қабули қарорҳо дар фаъолиятҳои истеҳсолӣ, илмӣ, таълимӣ, хоҷагидорӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амсоли инҳо пешбинӣ шудааст.
- Маълумот дар бораи ихтисос
Ном, рамз ва гурӯҳи ихтисоси 1-31030202 – Механика ба Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №349 аз 30-июни соли 2007 тасдиқ шудааст, мувофиқ мебошад.
Барномаи бакалавриат аз рӯйи ихтисоси 1-31030202–Механика тибқи Шаҳодатномаи ИА №0000914, аз 17.07.2019 аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф (ҳозира Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) аккредитатсия шудааст.
Барномаи таҳсилотии мазкур аз рӯйи ихтисоси 1-31030202–Механика моҳи майи соли 2021 таҷдиди назар гардида, аз соли таҳсили 2021-2022 мавриди татбиқ қарор дода мешавад.
- Тахассуси хатмкунанда
Пас аз худ намудани барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи ихтисоси 1-31030202–Механика дар шакли таҳсили рӯзона, ба хатмкунанда касбият ва дараҷаи зерин дода мешавад:
– тахассуси касбӣ – Механика (фаъолияти илмию педагогӣ);
– дараҷаи касбӣ – бакалаври “Механик. Омӯзгори механика ва математика”.
3. Доираи фаъолияти хатмкунанда
Мутахассис аз рӯйи ихтисоси 1-31030202 – Механика метавонад мувофиқи тайёрии бунёдӣ ва махсус намудҳои зерини фаъолияти касбиро иҷро намояд:
- илмӣ – тадқиқотӣ, ки ба самти механика равона шудаанд;
- банақшагирӣ – технологӣ;
- ташкилӣ – идоракунӣ;
- педагогӣ;
- илмию – методӣ.
Намудҳои мушаххаси фаъолият бо мазмуни барномаҳои таълимию касбӣ, ки аз тарафи донишгоҳ тартиб дода шудаанд, муайян карда мешаванд.
Механик барои ҳалли масъалаҳои касбии зерин вобаста аз намуди фаъолияти касбӣ таӣёр карда мешавад:
- сохтан ва тадқиқ намудани моделҳои механикӣ ва математикӣ;
- сохтан ва ба вуҷуд овардани фаъолияти барномавӣ барои таҳлил, синтез, оптималикунонӣ ва пешгӯӣ намудан дар ҳама соҳаҳои истеҳсолот, хоҷагидорӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фаъолияти идоракунӣ дар илм, техника, маориф;
– муайян намудани мақсади банақшагирӣ, критерияҳои самаранокӣ, маҳдудиятҳо;
- таҳлили системавии объекти банақшагирифташаванда, соҳаи омӯхташаванда ва вобастагии онҳо;
- интихоби маълумоти аввала барои банақшагирӣ;
- амсиласозии механикӣ ва математикии объекти банақшагирифташуда;
- коркард ва баҳисобгирии вариантҳои ҳалли проблема, таҳлили ин вариантҳо, пешгӯӣ намудани натиҷаҳо, банақшагирии татбиқи проект;
- баҳодиҳии эътимоднокӣ ва сифати амалкунии объекти банақшагирифташуда;
- баҳисобгирии самаранокии иқтисодӣ;
- ташкили ҳамкории коллективҳои иҷрокунанда ва супоришдиҳанда, инчунин иҷрокунандаҳои тахассусҳои гуногундошта, қабули қарори идоракунӣ дар шароити ақидаҳои гуногун;
- ҷустуҷӯи компромис байни талаботи гуногун (арзиш, сифат, муҳлати иҷроиш) дар ҳолати банақшагирии ҳам дарозмуддат ва ҳам кӯтоҳмуддат ва ёфтани ҳалли оптималӣ;
- баҳо додан ба хароҷоти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолии таъмини сифати объекти банақшагирӣ;
- ташкили назорати сифати маълумоти дохилшаванда.
Ҳангоми иҷро намудани ҳама намудҳои фаъолият механик бояд стандартҳои мувофиқ, ҳуҷҷатҳои директивӣ ва иҷроишӣ, дастурамалҳои методӣ ва нормативиро донад ва инчунин техникаҳои ҳозиразамонаи ҳисоббарорӣ, коммуникатсионӣ ва алоқаро истифода бурда тавонад.
4. Имконияти идомаи таҳсил
Имконияти идомаи таҳсили хатмкунанда аз рӯйи ихтисоси 1-31030202–Механика, ки барномаи асосии таълимии таҳсилоти олии касбиро бо ихтисоси мазкур фаро гирифтааст, дар магистратура дар назар дошта мешавад.
5. Ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи мундариҷа ва раванди татбиқи барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи ихтисоси 1-31030202 – механика
1) Барномаи таҳсилотӣ дар асоси Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф таҳия гардида, коркарди минбаъдаи замимаҳои он бояд ба талаботи ҳуҷҷатҳои зерин мутобиқат намояд:
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, аз 22.07.2013,№1004 (дар таҳрири охирин) аз 17.05.2018,№1527);
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти калонсолон”, аз 24.02.2017,№1394;
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ”, аз 19.05.2009,№531;
-Стратегияи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, аз 29.09.2020,№526;
-Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.03.2006, №94 тасдиқ карда шудааст;
-Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 25.02.2017, №94;
-Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 30.06.2007№349;
-Низомнома дар бораи низоми кредитӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Чумҳурии Тоҷикистон, аз 30.12.2016,№19/24;
-Роҳнамо оид ба коркард ва таҷдиди барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
-Нақшаи стратегии рушди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
2) Талаботро оид ба мазмун ва мундариҷаи ҳадди ақали ҳатмии барномаи таҳсилотӣ, шароитҳои татбиқнамоӣ ва муҳлатҳои азхуднамоиро Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
3) Дар раванди татбиқи барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи ихтисоси 1-31030202–Механика маҷмуи зерини ҳуҷҷатҳои ҳатмӣ ҷалб карда мешаванд: нақшаи таълим аз рӯи ихтисос, барномаи таълимии корӣ, барномаҳои таҷрибаомӯзӣ, барномаи таълимии фан ва силлабусҳо. Талаботи ҳадди ақал ба мундариҷаи ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида дар Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст.
4) Шарҳи мухтасари барномаҳои таълимии фанҳои ҳатмӣ ва интихобӣ қисми ҷудонашавандаи барномаи таҳсилотӣ ба ҳисоб меравад, ки тавсифи мухтасари фан; намуди машғулиятҳо; забони таълим; салоҳиятҳое, ки бояд дар донишҷӯ зимни азхуднамоии фанни мазкур ташаккул ёбанд; натиҷаҳои таълиме, ки аз тадриси фан ба даст меоянд; номгӯи боб ва мавзӯъҳои фан; васоити таълимӣ ва таъминоти техникии фан ва шаклҳои назорати ҷорӣ ва ниҳоиро дар бар мегирад. Талаботи ҳадди ақал ба шарҳи мухтасари барномаҳои таълимии фанҳои ҳатмӣ ва интихобӣ дар замима(ҳо) дарҷ гардидааст. Мазмуну мундариҷаи пурраи барномаҳои кории фанҳои ҳатмӣ ва интихобиро дар китобхонаи электронии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пайдо кардан мумкин аст(нигаред ба https://tnu.tj).
5) Барномаи таҳсилотӣ омӯзиши ҳатмии бахшҳо ва модулҳоеро, ки дар банди 3-и ҳуҷҷати мазкур нишон дода шудаанд, бояд ба назар гирад.
6) Бахшҳо ва модулҳои барномаи таҳсилотӣ аз фанҳои ҳатмии компоненти давлатӣ ва донишгоҳӣ, фанҳои интихобӣ, машғулиятҳои факултативӣ, таҷрибаомӯзиҳо ва аттестатсияи хатм иборат мебошад.
7) Номгӯи бахш, модулҳо ва фанҳои компоненти давлатии барномаи таҳсилотӣ ба талаботи ҳуҷҷати “Таснифоти фанҳои таълимӣ аз рӯи бахшҳо ва модулҳо” ҷавобгӯ мебошанд.
6. Таъминот ва дастгирии донишҷӯён
Донишгоҳ дорои заминаи моддӣ-техникие мебошад, ки ба талаботи қоидаҳо ва меъёрҳои амалкунандаи зиддисӯхтор ва гузаронидани ҳама гуна намудҳои омодагиҳои фаннӣ, корҳои амалӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, ки аз ҳуҷҷати мазкур бар меоянд, мутобиқат мебошад.
Ҳар як донишҷӯ ҳангоми таҳсил ба китобхона (китобхонаи электронӣ) ва муҳити электронии иттилоотӣ-таҳсилотӣ дастрасии номаҳдуд доранд. Китобхонаи электронӣ ва муҳити электронии иттилоотӣ-таҳсилотӣ дастрасии донишҷӯро аз ҳар нуқтае, ки тавассути Интернет имконияти ба он пайвастшавӣ мавҷуд аст, таъмин карда метавонад. Муҳити электронии иттилоотӣ-таҳсилотии донишгоҳ имкониятҳои зеринро дорад: дастрасӣ ба нақшаҳои таълим, барномаҳои кории фанҳо ва таҷрибаомӯзиҳо, захираҳои электронии маводҳои таълимӣ, нашриёти низомҳои электронии китобхонаҳо, ки дар барномаҳои таълимии фан нишон дода шудаанд; қайди раванди таълим, натиҷаҳои санҷишҳои марҳилавӣ ва натиҷаҳои азхудкунии барномаи таҳсилотӣ; гузаронидани ҳама шаклҳои дарс, ҷараёни баҳодиҳӣ ба натиҷаҳои таълим, ки татбиқи онҳо бо назардошти истифодаи таълими электронӣ ва технолгияҳои таҳсилоти фосилавӣ сурат мегирад.
Дар тавозуни донишгоҳ 6 хобгоҳ мавҷуд аст, ки онщо ба ҳамаи талаботи мавҷуда ҷавобгӯй мебошанд.