Соли 1948 бо таъсис ёфтани Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон факултети физикаю математика низ ба фаъолият шурӯъ кард. Дар нахустин соли фаъолияти факултет дар шуъбаи математика он ҳамагӣ 14 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда буд. Аввалин омӯзгорони шуъбаи мазкур, ки нақши онҳо дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси маҳаллӣ бениҳоят калон аст, Христиченко П.И., Хӯҷаев Л.Ш., Берлинский А.Г., Куртяков С.У., Субҳонқулов М.А., Михайлов Л.Г ва дигарон буданд.
Соли 1965 дар заминаи шуъбаи математика факултети механикаю математика таъсис дода шуд, ки дар ҳайати он 4 кафедра – таҳлили математикӣ, муодилаҳои дифференсиалӣ, математикаи татбиқӣ ва методикаи таълими математика амал мекард. Соли 1968 ба сохтори факултет 3 кафедраи нав – алгебра ва геометрия, математикаи олӣ ва механика илова гардид. Ҳамон вақт дар факултет ҳамагӣ 28 нафар омӯзгор ба корҳои тадрису тарбия ва пажуҳиш машғул буданд. Ҳоло дар сохтори факултет 9 кафедра ва зиёда аз 100 нафар омӯзгору кормандон ба фаъолият фаро гирифта шудаанд.
Аввалин декани факултети навтаъсиси механикаю математика профессор Субҳонқулов М.А. (1965-1967) буд. Соли 1967 дотсент Мухторов С.Н. ба вазифаи декани факултет таъйин гардида, то соли 1980 ин вазифаро иҷро кард. Минбаъд вазифаи декани факултетро Муртазоев Д.М. (1980-1982), Раҷабов Н.Р. (1982-1985), Ғафуров Н.Ғ. (1985-1990), Маликов Х.М. (1990-1995), Ҷобиров А.Қ. (1995-2000), Мустафоқулов Р. (2000-2007), Зокиров С.Ҳ. (2007-2008), Мирзоев С.Ҳ. (2008-2015), Одинаев Р.Н. (2015-2022) иҷро карданд. Аз 22-юми апрели соли 2022 декани факултет Қосимов И.Л. мебошад.
Як зумра профессорони факултет дар тайёр намудани докторон ва номзадони илм ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд. Масалан, профессор Стетсенко В.Я. дар давоми фаъолияти илмию педагогии худ қариб 50 нафар, профессорон Раҷабов Н.Р., Муҳаммадиев Э.М., Шабозов М.Ш., Юнусӣ М.Қ., Комилиён Ф.С. ва Раҳмонов З.Ҳ. ҳар кадоме аз 10 то 25 нафар номзадони илм, докторони PhD ва докторони илмро тайёр кардаанд.
Дар факултет шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона амал мекунанд. Дар шуъбаи рӯзона таҳсил аз рӯи 5 ихтисос – математикаи умумӣ, информатика, математикаи амалӣ, механика, амнияти компютерӣ ва дар шуъбаи ғоибона таҳсил аз рӯи 2 ихтисос – математикаи умумӣ ва информатика ба роҳ монда шудааст.
Хатмкунандагони болаёқати факултет ҳамасола ба шуъбаҳои магистратура, аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) ва докторантураи донишгоҳ ба таҳсилу пажуҳиш фаро гирифта мешаванд.
Дар факултет шӯрои ҳимояи диссертатсияҳо аз рӯи ихтисос (доктор PhD), номзадӣ ва докторӣ таъсис дода шудааст, ки дар он ҳар сол аз 2 то 6 нафар унвонҷӯён диссертатсияҳои худро ҳимоя мекунанд.
Ҳоло дар факултет 5 мактаби бонуфузи илмӣ амал мекунад, ки ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси илмӣ барои тамоми муассисаҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ машғуланд: мактабҳои академикҳо Раҷабов Н.Р., Шабозов М.Ш., Раҳмонов З.Ҳ., профессор Юнусӣ М.Қ. (марҳум) ва профессор Комилиён Ф.С.
Дар байни хатмкардагони факултет, инчунин, нафароне кам нестанд, ки дар вазифаҳои масъули ҳизбию давлатӣ, роҳбарони муассисаҳои илмию таълимӣ, бонкҳо ва дигар муассиса, ташкилот ва созмонҳои илмию истеҳсолӣ фаъолият кардаанд ва карда истодаанд. Масалан, дар вазифаҳои масъули ҳизбӣ Бобосодиқова Гулҷаҳон, Абдуназаров Холиқ, Пулодов Пулод, Умаров Ҳабибулло ва дигарон, дар вазифаи ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Илолов Маҳмадшо, Шабозов Мерганд, Ҷангибеков Гулхоҷа, Қурбонов Икром, Пулодов Пулод, Умаров Ҳабибулло ва Комилиён Файзалӣ, дар вазифаи президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Илолов Маҳмадшо, дар вазифаи директори институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Зарулло, дар вазифаи муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси миллии Тоҷикистон Шабозов Мерганд, дар вазифаи раиси кумитаи илм ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабова Л.Н., дар вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ширинов Абдуҷаббор, дар вазифаи муовини якуми Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшеди Юсуфиён ва дар вазифаи директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар Душанбе Мирзоев Сайъало кор кардаанд.