Хокиев Дониер Ҷалилович
мудири кафедра, н.и.ф.м, дотсент.
Соли таваллуд: 31.07.1991
Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон миллат: тоҷик
Соли 2014 факултети механикаю математикаи Донишгоҳи милли Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 2014-2017 аспиранти шӯъбаи рӯзонаи Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 2018 дар мавзӯи «Оиди тақсимшавии қиматҳои характери Дирихле дар пайдарпайиҳои ададҳои соддаи лағжонидашуда» рисолаи номзадиашро дифоъ намудааст. Муаллими калони кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо (2018-2022). Дотсент, мудири кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо (2022 то ҳол).
ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРА
Кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо соли 1969 ташкил шудааст. Асосгузор ва мудири аввалини он мутахассиси соҳаи алгебра ва назарияи ададҳо, профессор Ғафур Бобоев буданд. Минбаъд роҳбарии кафедраро шахсони зерин ба ӯҳда доштанд:
- доктори илмҳои физикаю математика, профессор Исмоилов Д. И. (1985 – 1996);
- академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Раҳмонов З.Ҳ. (1996 – 2007);
- номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Собиров А. Ш. (2007 – 2011);
- номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Бобоёров Ш.К. (2011 – 2016);
- номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Азамов А.З. (2016 – 2021).
Аз соли 2022 кафедраро номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Хокиев Д.Ҷ. роҳбарӣ мекунад.
Дар айни замон дар кафедра 7 – нафар устодон кор мекунанд, ки аз онҳо 1 – нафарашон доктори илм,1-нафар академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 – нафарашон номзадҳои илм мебошанд. Устодони кафедра ба донишҷўёни факултаҳои механикаю математика ва физика аз фанҳои алгебра ва назарияи ададҳо, геометрияи аналитикӣ, алгебра ва геометрия, математикаи дискретӣ, мантиқи математикӣ ва курсҳои махсусро аз рўи ихтисоси алгебра ва назарияи ададҳо дарс мегўянд.
Корҳои илмӣ – тадқиқотиро кормандони кафедра аз рўи мавзўи «Тақсимшавии қиматҳои функсияҳои арифметикӣ» иҷро намуда, дар ҳамаи самтҳои асосии назарияи аналитикии ададҳо тадқиқотҳо мегузаронанд. Намоёнтарин муваффақиятҳои илмї дар даҳ соли охир инҳоанд:
- исботи формулањои асимптотӣ дар проблемаи Варинг бо ҷамъшавандаҳои қариб баробар;
- бунёди назарияи суммаҳои кўтоҳи тригонометрии Вейл;
- исботи формулаи асимптотӣ дар проблемаи Эстерман бо ҷамъшавандаҳои қариб баробар оиди тасвири адади натуралии кифоя калон дар намуди суммаи ду адади содда ва дараҷаи адади натуралӣ;
- гирифтани баҳои суммаи қиматҳои характери ғайриасосии Дирихле аз рўи модули таркибӣ дар пайдарпаии лағчондпщудаи ададҳои сода;
- гирифтани бахои суммаҳои кўтоҳи кубии тригонометрӣ бо функсияи Мёбиус дар камонҳои хурд;
- тадќиќи рафтори суммаи кўтоҳи тригонометрии Г.Вейл бо ададҳои сода;
- гирифтани баҳои аз поён барои дарозии фосилаҳои хатти рости критикии дорои сифрҳои дзета-функсияи Риман ва функсияи Дэвенпорт Хейлброн.
Ин натиҷаҳо дар маҷаллаҳои илмии «Труды Математического Института им. В.А. Стеклова», «Доклады Рооссийской Академии наук», «Математические заметки», «Чебышевский сборник» ва нашриёти «Springer» чоп шуда, натиҷаҳои мувофиқи академик И.М.Виноградов, профессор А.А.Каратсуба, математики англис Р.Вон, математикони хитоӣ Т.Жан ва Ж.Лю, математики норвеягӣ А.Селберг, математики канадӣ Ҷ.Б.Фридландер, математики америкоӣ А.Кумчев ва математики австралӣ И.Е.Шпарлинскийро дақиқтару беҳтар менамоянд.
Кафедра бо Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ва Институти математикаи ба номи В.А. Стеклов алоқаи илмӣ дорад. Дар доираи ин ҳамкорӣ тадқиқотҳои муштараки илмӣ, мубодилаи итилоотии илмӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ иҷро карда мешаванд.
Раҳмонов Зарулло Ҳусенович, математик, доктори илмҳои физикаю математика, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1982 – факултети механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломаносовро хатм намудааст. Солҳои 1985-1996 ассистент, муаллими калон, дотсент ва профессори кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои ДМТ. Номзади илмҳои физикаю математика (1986). Доктори илмҳои физикаю математика (1996). Мудири кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои ДМТ (1996 – 2007) ва аз соли 2007 профессори кафедра. Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000). Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017). Бо медали «20-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофонида шудааст. Раванди корҳои илмию тадқиқотии ў ба муаммоҳои алгебра, назарияи ададҳо ва назарияи функсияҳои махсус бахшида шудааст. Зиёда аз 21 нафар шогирдонаш рисолаи номазадиро дифоъ намудаанд.
ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРА
Ному насаб | Вазифа | Дараҷаи илмӣ | Унвони илмӣ |
Хокиев Дониёр Ҷалилович | мудири кафедра | номзади илмҳои физикаю математика | дотсент |
Раҳмонов Зарулло Ҳусенович | профессор | доктори илмҳои физикаю математика | академики АИ ҶТ |
Собиров Абдусабур Шукурович | дотсент | номзади илмҳои физикаю математика | дотсент |
Бобоева Рафоат | дотсент | номзади илмҳои физикаю математика | дотсент |
Алиқулов Раҳимберди Каримқулович | дотсент | номзади илмҳои физикаю математика | дотсент |
Хайруллоев Шамсулло Амруллоевич | дотсент | доктори илмҳои физикаю математика | дотсент |
Азамов Аслиддин Замонович | дотсент | номзади илмҳои физикаю математика | дотсент |