ИХТИСОСИ 1-31030102 МАТЕМАТИКА

ТАВСИФИ УМУМИИ ИХТИСОСИ 1-31030102 МАТЕМАТИКА (ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИЮ ПЕДАГОГӢ)

Мутахассиси соҳаи математика барои кор кардан дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ,  мақомоти идораи давлатӣ, муасссисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, муассисаҳои бонкӣ, корхона, ташкилот, созмон ва объектҳои шакли моликияташон гуногун, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, тайёр карда мешавад. Доираи фаъолияти касбии мутахассиси соҳаи математика аз ҳалли масъалаҳои намудҳои зерин иборат аст:

1. Илмӣ-тадқиқотӣ:

-гузаронидани тадқиқоти илмӣ-назарияивӣ ва амалӣ дар соҳаи математика;

-фаъолияти илмӣ тадқиқотӣ дар дар гуруҳҳо;

-тайёрии объектҳо ва методҳои азхудкунии тадқиқот;

-гузаронидани эскпертҳои ҳисоби аз рӯи методи додашуда;

-интихоби воситаҳои техникӣ ва методҳои кор;

-таҳлили ахборот бо истифодаи методи ҳозиразамони техникаҳои ҳисоббарор;

-тартиб додани ҳисоботи илмӣ ва рӯйхати феҳрист оиди мавзӯи додашуда;

-иштирок дар тартиб додани пешбинии методҳои навин;

-иштирок дар ташкили ҳисоботҳои илмӣ, абзорӣ ва чопии мақолаҳо, ташкили конференсияҳо;

-кор бо системаи ахборотӣ;

2. Илмӣ-татбиқӣ:

-ташкили нақшаи амалӣ аз рӯи истифодаи комёбиҳои фундаменталӣ ва математикаи амамлӣ, ахбороти технологӣ дар корхонаҳо ва муассисҳои таълимӣ, истифодаи методҳои ҳозиразамон дар тадқиқотҳои математикӣ ;

-додаҳои тести ва муҳовизати пешгӯии ахборотӣ;

-асоснокунӣ ва таҳлили додашудаҳо бо ёрии техналогияи ахбороти ҳозиразамон;

-таълим ва баланд бардоштани ихтисоси кормандон;

3. ташкили ва роҳбарӣ:

-амали гардонидани функсияҳои ташкили ва роҳбарӣ;

-иштирок дар ташаккули намунаҳои кори роҳбарӣ;

-ташкили ишроиши этапҳои пешниҳод;

-тартиб додани ҳуҷҷатҳои техники ва ҳисобӣ;

4. навоварӣ

-нақшаҳои ташаккулӣ ва ташкили барномаҳои навоварии фаъолият, техники-иқтисодии асосноккунии лоиҳаҳои навоварӣ дар фаъолияти касбӣ.

  1. Маълумот дар бораи ихтисос

Ном, рамз ва гурӯҳи ихтисоси 1-31 03 01 02–математика ба Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №349 аз 30 июни соли 2007 тасдиқ шудааст, мувофиқ мебошад.

Барномаи бакалавриат аз рӯи ихтисоси 1-31 03 01 02 – математика (Фаъолияти илмию педагогӣ) тибқи Шаҳодатномаи АУ №0000920, аз 08.08.2019 аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф (ҳозира Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) аккредитатсия шудааст.

Барномаи таҳсилотии мазкур аз рӯи ихтисоси 1-31 03 01 02–математика моҳи сентябри соли 2024 таҷдиди назар гардида, аз соли таҳсили 2025-2026 мавриди татбиқ қарор дода мешавад.

  • Тахассуси хатмкунанда

Баъди аз худ намудани барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси 1-31 03 01 02 –Математика дар шакли таҳсили рӯзона, фосилавӣ ва ғоибона, баъд аз хатм ба хатмкунанда касбият ва дараҷаи зерин дода мешавад:

– тахассуси касбӣ – Математик. Омӯзгори фанни математика;

– дараҷаи касбӣ – бакалаври “атематик. Омӯзгори фанни математика 

3. Доираи фаъолияти хатмкунанда

     Хатмкунандаи ихтисоси 1-31 03 01 02–Математика барои кор дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии гуногуншакл омода карда мешавад. Намудҳои фаъолияти касбие, ки аз рӯи онҳо хатмкунанда пас аз худ кардани барномаи бакалавриат, омодагӣ мебинад, чунинанд:

     – педагогӣ;

     – илмӣ-тадқиқотӣ;

     – иҷтимоӣ-педагогӣ;

     – фарҳангӣ ва рушдёбанда;

     – идоракунӣ.

4. Имкониятҳои идомаи таҳсили хатмкунанда – Бакалаври мутахассиси соњаи муносибатњои байналмилалї, ки барномаи таҳсилотиро аз рӯи ихтисоси 1-31 03 01 02 – Математика (Фаъолияти илмию педагогӣ) аз худ кардааст, барои идомаи тањсил дар зинаи магистратура омода мебошад.

5. Имкониятҳои давоми таҳсили хатмкунанда

Тибқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки дипломи зинаҳои таҳсилоти олии касбии бакалавриатро доранд, метавонанд таҳсили худро дар зинаи дуюми таҳсилоти олии касбӣ – магистратура аз рӯи равия ва самт (ихтисос)-и мувофиқ идома диҳанд.

ҲУҶҶАТҲОИ ТАНЗИМКУНАНДАИ МУНДАРИҶА ВА РАВАНДИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ТАҲСИЛОТӢ АЗ РЎИ ИХТИСОСИ 1-31 03 01 02 “МАТЕМАТИКА” (Фаъолияти илмию педагогӣ)

6. Барномаи таҳсилотӣ дар асоси  Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф таҳия гардида, коркарди минбаъдаи замимаҳои он бояд ба талаботи ҳуҷҷатҳои зерин мутобиқат намояд:

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, аз 22.07.2013,№1004 (дар таҳрири охирин) аз 17.05.2018,№1527);

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти калонсолон”, аз 24.02.2017,№1394;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ”, аз 19.05.2009,№531;

-Стратегияи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, аз 29.09.2020,№526;

-Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.03.2006,№94 тасдиқ карда шудааст;

-Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 25.02.2017, №94;

-Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 30.06.2007№349;

-Низомнома дар бораи низоми кредитӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Чумҳурии Тоҷикистон, аз 30.12.2016,№19/24;

-Роҳнамо оид ба коркард ва таҷдиди барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

-Нақшаи стратегии рушди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  барои  солҳои 2021-2025

7.  Талаботро оид ба мазмун ва мундариҷаи ҳадди ақали ҳатмии барномаи таҳсилотӣ, шароитҳои татбиқнамоӣ ва муҳлатҳои азхуднамоиро Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

8.  Дар раванди татбиқи барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси 1-31 03 01 02 “Математика” маҷмӯи зерини ҳуҷҷатҳои ҳатмӣ ҷалб карда мешаванд: нақшаи таълим аз рӯи ихтисос, барномаи таълимии корӣ, барномаҳои таҷрибаомӯзӣ, барномаи таълимии фан ва силлабусҳо. Талаботи ҳадди аққал ба мундариҷаи ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида дар Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст.

9. Қисми ҷудонашавандаи ин ҳуҷҷат (замимаи он) “Фишурдаи барномаҳои кории фанҳои таълимӣ” ба ҳисоб мераванд, ки иборат мебошанд аз: тавсифи мухтасари фан; намуди машғулитҳо; забони таълим; салоҳиятҳое, ки дар донишҷӯ зимни  азхуднамоии фанни мазкур ташаккул бояд ёбанд; натиҷаҳои таълиме, ки аз тадриси фан ба даст меоянд; номгӯи боб ва мавзӯъҳои фан; васоити таълимӣ ва таъминоти техникии фан; шаклҳои назорати ҷорӣ ва ниҳоӣ. Ин замима танҳо фишурдаи фанҳои ҳатмиро дар бар мегирад, зеро муаррифии фанҳои интихобӣ ҳар сол моҳи апрел аз ҷониби шӯъбаи бақайдгирӣ ва машваратӣ баргузор мегарданд.  Мазмуну мундариҷаи пурраи барномаҳои кории фанҳои ҳатмӣ ва интихобиро дар китобхонаи электронии ДДТ пайдо кардан мумкин аст (нигаред ба https://tnu.tj).

10.  Барномаи таҳсилотӣ омӯзиши ҳатмии бахшҳо ва модулҳоеро, ки дар банди 3-и ҳуҷҷати мазкур нишон дода шудаанд, бояд ба назар гирад.

11. Бахшҳо ва модулҳои барномаи таҳсилотӣ аз фанҳои ҳатмии компоненти давлатӣ ва донишгоҳӣ, фанҳои интихобӣ, машғулиятҳои факултативӣ, таҷрибаомӯзиҳо ва аттестатсияи хатм иборат мебошад.

12. Номгӯи бахш, модулҳо ва фанҳои компоненти давлатии барномаи таҳсилотӣ ба талаботи ҳуҷҷати “Таснифоти фанҳои таълимӣ аз рӯи бахшҳо ва модулҳо” ҷавобгӯ мебошанд.

13.Таъминот ва дастгирии донишҷӯён

Донишгоҳ дорои заминаи моддӣ-техникие мебошад, ки ба талаботи қоидаҳо ва меъёрҳои амалкунандаи зиддисӯхтор ва гузаронидани ҳама гуна намудҳои омодагиҳои фаннӣ, корҳои амалӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, ки аз ҳуҷҷати мазкур бар меоянд, мутобиқат мебошад.

Ҳар як донишҷӯ ҳангоми таҳсил ба китобхона (китобхонаи электронӣ) ва муҳити электронии иттилоотӣ-таҳсилотӣ дастрасии номаҳдуд доранд. Китобхонаи электронӣ ва муҳити электронии иттилоотӣ-таҳсилотӣ дастрасии донишҷӯро аз ҳар нуқтае, ки тавассути Интернет имконияти ба он пайвастшавӣ мавҷуд аст, таъмин карда метавонад. Муҳити электронии иттилоотӣ-таҳсилотии донишгоҳ имкониятҳои зеринро дорад: дастрасӣ ба нақшаҳои таълим, барномаҳои кории фанҳо ва таҷрибаомӯзиҳо, захираҳои электронии маводҳои таълимӣ, нашриёти низомҳои электронии китобхонаҳо, ки дар барномаҳои таълимии фан нишон дода шудаанд; қайди раванди таълим, натиҷаҳои санҷишҳои марҳилавӣ ва натиҷаҳои азхудкунии барномаи таҳсилотӣ; гузаронидани ҳама шаклҳои дарс, ҷараёни баҳодиҳӣ ба натиҷаҳои таълим, ки татбиқи онҳо бо назардошти истифодаи таълими электронӣ ва технолгияҳои таҳсилоти фосилавӣ сурат мегирад.

Дар тавозуни донишгоҳ 6 хобгоҳ, ҳам барои донишҷӯён ва ҳам барои омӯзгорон мавҷуданд. Хобгоҳҳо дорои ҳуҷраҳои бароҳат буда, ҳаммом, ҳоҷатхона ва ҳуҷраи хӯрокпазӣ дар ҳар як ошёна алоҳида ҷойгиранд. Инчунин дар хобгоҳҳо ошхона ва нуқтаҳои хӯрокхӯрии фаврӣ мавҷуданд. Сокинон бо мебели зарурӣ (кат, ҷевони либос, мизу курсӣ), инчунин ҷойхобҳо таъмин карда мешаванд. Дар хобгоҳҳо пайваста барои беҳтар кардани шароити зист мунтазам кор бурда мешавад.